Наздикони Шавкат Халилов, коргардони тоҷик, ки рӯзи 15-уми май дар бемористон дар синни 66-солагӣ даргузашт, табибонро дар марги ӯ гунаҳкор медонанд.
Вакилони парлумони Тоҷикистон аз тарҳи қонуне ҷонибдорӣ намудаанд, ки бар асоси он гурӯҳе аз маҳбусон баъди раҳоӣ аз зиндон, расман зери назорати пулис қарор мегиранд. Вакилон ҳадаф аз қабули ин тарҳро пешгирӣ аз содир намудани ҷиноятҳо миёни маҳбусони собиқ арзёбӣ намуданд.
Як ронандаи тоҷики мошинҳои боркаш дар Амрико, ки дар роҳ ҳадафи тир қарор гирифт, дар шифохонае дар аёлати Калифорния ҷон бохтааст.
“Ба мо дар ҷойи хонаҳоямон, ки вайрон мекунед, хона диҳед!” Ин талаби гуруҳе аз сокинони маркази шаҳри Душанбест, ки ширкати бинокор онро қабул надорад.
Дар кишваре, ки одамон дар натиҷаи ҷанги ваҳшиёнаи давлати худ ҳалок ва сокинонаш бо баландтарин суръат қашшоқ мешаванд, бори дигар “гунаҳкор”-ро ҷустуҷӯ доранд. Онҳое, ки пуштибон надоранд.
Як сокини Исфара мехоҳад, ҳарчи зуд марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро муайян кунанд ва ӯ дигарбора соҳиби заминҳои кишоварзиаш гардад.
Президенти Чехия гуфт, бояд ниҳодҳои амниятӣ шаҳрвандони Русияро дар кишварҳои ғарб таҳти назорати ҷиддӣ бигиранд. Петр Павел инро баҳои амалҳои вайронгаронаи Русия дар Украина номид, ки русҳо бояд пардохт кунанд.
Cокини олмонитабори Тоҷикистон, Владимир Гритсан-Майер, 25 соли ахир талош дорад ба ватани бобоии худ-Олмон кӯчад.
Аз соли оянда сар карда, дар Қазоқистон сокинон бояд барои дороиҳои гаронарзиши худ андоз супоранд.
Пулиси ноҳияи Шаҳринав ба таҳқиқи ҷанҷоли келину хушдоман, ки навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд, оғоз кардааст.
Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳукумат барои таҳсили як хонандаи мактаб дар кишвар соле аз 1312 то 2046 сомонӣ (ҳудуди 120 то 180 доллар) сарф мекунад.
12-уми июн Рӯзи байнулмилалии мубориза бо кори кӯдакон аст. Мақомоти Тоҷикистон пайваста мегӯянд, ки барои пешгирӣ аз меҳнати хурдсолон мубориза мебаранд, аммо нигоҳе ба кӯчаву бозорҳои шаҳри Душанбе баръакси онро нишон медиҳад.
Ёфтҳои бештар