Сафаре ба Сари Хосор, диёри писандидаи ҷаҳонгардон дар ҷанубу шарқи Тоҷикистон. Ин ҷо тобистону тирамоҳ меҳмони зиёд дорад. Роҳҳояш сангину душворгузар аст. Дар ин самт асосан мошинҳои сохти Шӯравӣ мусофир мекашонанд. Гоҳо сангобро убур мекунанд.
Ҷасади як сарбози тоҷикро рӯзи 21-уми сентябр ба наздиконаш дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон додаанд.
Дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон дар нимаи дувуми моҳи сентябр рӯзи бидуни нақлиёт таҷлил мешавад. Сокинон дар ин рӯз барои ҳифзи муҳити зист аз истифодаи нақлиёт даст мекашанд ва дучархасаворӣ мекунанд.
Нархи орд, маҳсулоти серистифода дар Тоҷикистон, дар як ҳафтаи охир зиёда аз 18 дарсад афзудааст.
Ҳашт коршиноси Созмони Милали Муттаҳид мунтазири посухи як нома ба ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд, ки дар он аз сарнавишти хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи зиндонӣ изҳори нигаронии амиқ шудааст.
Тоҷикистон чанд фурудгоҳи маҳаллиро, ки то ин дам дар ихтиёри ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар буданд, ба итоати Вазорати мудофиа додааст.
Шавкат Мирзиёев баъди расидан ба қудрат дар Узбекистон маҳдудиятҳои шадиди диниро бардошт, вале ҳоло дар шаҳрҳои ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон дигарбора садои азонро поин меоранд ва пӯшидани ҳиҷобу ниқобро дар ҷойҳои иҷтимоӣ манъ мекунанд. Пас, чӣ дигар шудааст?
Ҳамлаи нави Озарбойҷон ба Қаробоғи Кӯҳӣ, минтақаи мавриди муноқишааш бо Арманистон, ки нигарониҳои зиёдро ба бор овард, рӯзи 19-уми сентябр бо созиши оташбас ба поён расид. Суоли асосӣ ин аст, ки чаро Озарбойҷон ногаҳон ба ҳуҷум гузашт?
Дар офати табии охири моҳи август, 21 нафар ҷон бохта, даҳҳо манзили зист ва роҳу пулҳо хароб шуданд. Бо вуҷуди эълонҳои батакрори мақомот дар бораи кумак ба осебдидагон, баъзе сокинон то ҳоло мегӯянд, ёрие нагирифтаанд.
Як сержанти хурдро дар вилояти Суғд, ки дар сари 9 сарбоз номи зодгоҳаш, шаҳри Конибодомро навишта буд, ба панҷ сол зиндон маҳкум кардаанд.
Як пизишки тоҷикро ба 6 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум карданд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 19-уми сентябр Расул Ҳоҷиевро ба он гунаҳкор кард, ки хатояш боис ба марги Севинч Шукурова шудааст. Ҳоҷиев аз ҳукми додгоҳ норозигӣ кардааст.
Сиёсатмадори қирғиз ҳушдор дод, ки агар ҷониби Тоҷикистон аз даъвои арзии худ дар баробари Қирғизистон даст накашад, Бишкек метавонад нисбат ба Тоҷикистон бар асоси ҳуҷҷатҳое, ки ба тозагӣ аз бойгонӣ пайдо шудаанд, иддаои худро матраҳ кунад.
Ёфтҳои бештар