Як Пажуҳишгоҳи швейтсарӣ ба нақл аз чанд манбаъ мегӯяд, байни ҳукумати Тоҷикистон ва “Толибон” гуфтушуниди махфӣ идома дорад.
Дар як соли гузашта (2023) ба зидди панҷ додрас (судя)-и тоҷик парвандаи ҷиноӣ боз шуда, то ин дам бархе ба зиндон маҳкум гардидаанд. Дар фармони барканории онҳо аз "кирдор"-е ёд шудааст, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад". Масъулони Оҷонси зидди фасод ин афродро ба ришвагирӣ муттаҳам карданд.
Як духтари футболбоз аз Тоҷикистон, талош дорад ба яке аз тимҳои футболи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шомил шавад. Мадина Фозилова, капитани дастаи мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон аст. Ӯ 28 сол сол дорад ва аз ин 17 солашро дар футбол сипарӣ кардааст.
Давлатманди Хол (Давлатманд Холов), ҳунарманди саршинос ва фалаксарои маъруфи Тоҷикистонро, ки бар асари бемории саратони ҷигар даргузашт, дар оромгоҳи “Лучоб”-и Душанбе дафн карданд. Маросим рӯзи 19-уми феврал баргузор шуд. Ӯ 74 сол дошт.
Дар шимоли Тоҷикистон мақомот як обанборро, ки дар гузашта аз оби рӯде аз Қирғизистон пур мешуд, бо роҳҳои дигар аз об пур кардан мехоҳанд.
Танҳо дар як соли гузашта дар пайи ҷудо шудани оилаҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 11 ҳазор кӯдак нимаятим монданд. Яъне ҳар рӯз 28 кӯдак аз тарбия ва оғуши гарми падар ё модар маҳрум шудааст.
Мақомоти шаҳри Ҳартфорди Ғарбӣ дар Коннектикути Амрико ба як тоҷики муқими ин шаҳр барои кумакаш ба муҳоҷирон ва ақаллиятҳои қавмӣ сипосгузорӣ кардааст.
Додгоҳи ноҳияи Восеъ Алихон Худоёрзода, муовини собиқи раиси ин ноҳияро бо айби “баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ” ба шашу ним соли зиндон маҳкум кард.
Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, қонунгузории кишвар пӯшидани ҳеч гуна либос аз ҷумла рӯсариро барои занон манъ накардааст. Баъзе бонувони тоҷик шикоят доранд, ки доштани сатр барояшон як мушкил дар пайдо кардани ҷойи кор шудааст.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ натиҷаи пажуҳиши Маркази тадқиқоти стратегӣ дар мавриди фасоди густарда дар ин ниҳодро тасдиқу рад накард, вале гуфт, фасод “дар тамоми соҳа ҳаст.”
Мақомоти интизомии вилояти Суғд ва гурӯҳе аз ихтиёриён панҷ рӯз боз наметавонанд як навраси гумшударо пайдо кунанд.
Маркази тадқиқоти стратегӣ эълон кард, ки сатҳи фасод ё коррупсияро дар бахшҳои маориф ва тандурустии Тоҷикистон маълум кардааст.
Ёфтҳои бештар