Шаҳри Душанбе. Хиёбони Айнӣ 13. Ширкате, ки бояд дар инҷо хонаҳои нав бисозад, як бинои истиқоматии бозмонда аз даврони шӯравии собиқро ба харобазор табдил додааст. Баъзе аз сокинон кӯчидаанд, баъзеи дигар ҳанӯз дар бинои нимавайрона ҳастанд, аммо аз чунин шароит сахт нигаронанд.
Бист шикоят аз шиканҷа дар ниҳодҳои вобастаи Вазорати корҳои дохилӣ ва як шикоят аз зӯроварии раиси ноҳияе дар Тоҷикистон.
Бисёре аз тоҷикҳо мегӯянд, ки тасмим дар бораи пӯшидани либос, намуди зоҳирӣ ва боварҳои мазҳабӣ, ҳоло бо дастурҳои расмӣ сахт алоқаманд аст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар нимаи аввали имсол барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”, ки ҳаёту мамот ва роҳи халосӣ аз буҳрони энержӣ меномад, чор миллиард сомонӣ (432 миллион доллар) ҷудо кардааст. Харҷи ин маблағҳо ва то куҷо таъмин шудани шаффофият суолҳоеро ба миён овардааст.
Ҳукумати Лаҳистон ё Полша, ки дар онҷо муҳоҷирони тоҷик ҳам кор мекунанд, азм дорад, даъвати нерӯи кориро аз хориҷа коҳиш диҳад. Сабаб, ба гуфтаи мақомот, мардум мойил нестанд, ки хориҷиёни зиёд омада дар ватанашон кор кунанд. Дар Маҷористон ё Венгрия низ ҳамин масъала пеш омадааст.
Масъулони Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон гуфтанд, ки шаҳрдори пешини Кӯлоб Бахтиёр Назарзодаро бозпурсӣ карданд.
Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон, тасдиқ кард, ки дар пайванд ба марги Меҳрона Ноибоваи 23-сола дар ноҳияи Дарвоз алайҳи як зердасташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори 43-солаи тоҷик, ки бар асоси қонуни афв аз зиндон раҳо шуд, рӯзи 18-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ният дорад, ки ба соҳибкорӣ машғул шавад. Ӯ дар бораи муносибати зиндонбонҳо, афви хабарнигорони дигар ва дидор бо фарзандон низ сухан гуфт.
Кумитаи кор бо занон дар Тоҷикистон бо ибрози нигаронӣ аз зиёд шудани хушунати шаҳвонӣ, аз ҳукумат хостааст, ки ҷазоро барои хушунати ҷинсӣ сахттар кунад.
Ёфтҳои бештар