Дар як талоши дигари намоишкоронае барои ҷомеа вакилони Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро таҳия кардаанд, ки мӯҳлати ташхиси ҳатмии тиббии муҳоҷиронро бисёр кӯтоҳ мекунад. Маълум нест, тарҳи қонуни нав кай баррасӣ мешавад.
Садамае ду сол боз як модару писарро дар ҳолати танги зиндагӣ қарор додааст. Насим Оқилов дар пайи як сонеҳа аз навоҳии сар ва пояш сахт захм бардошт ва аз ҳаракат бозмонд. Модараш мегӯяд, ҳарчанд ӯ ҷароҳат гирифт, вале мақомот ронандаро бегуноҳ эълон карданд.
Тасмими ҳукумат барои боло бурдани арзиши нерӯи барқ аз 1-уми феврали имсол бархе аз сокинонро нигарон кардааст.
Дар деҳаи Заркорони ноҳияи Восеъ лулиён ё ҷугиҳо нафақат дар ободонии маҳал саҳм мегиранд, балки дар айёми даъват ба артиш пешсафанд. Пештар сокинони онро ба талбандагӣ ва дурӣ аз таҳсилу бекорӣ ва бесанадӣ танқид мекарданд.
Мақомоти интизомии Олмон мегӯянд, як ҷавони 21-солаи тоҷикро, ки бо гумони тарҳрезии ҳамла дар шаҳри Магдебург дастгир шуд, ба Тоҷикистон бозпас фиристодаанд.
Идораи замин дар минтақаи Кӯлоб ба камбуди ҷиддии мутахассис рубарӯ шудааст. Намояндагони ин идора мегӯянд, донишҷӯёне, ки ихтисоси заминсозиро азхуд мекунанд барои кор ҳозир намешаванд.
Сайёҳон ва боздидкунандагони “Дарвозаи дӯзах” дар Туркманистон аз талошҳои Ишқобод барои пурра фурӯ нишонидани оташ дар ин чоҳи газӣ дилсард шудаанд.
Шариф Назаров, мураббии машҳури футболи тоҷикро, ки ду моҳ қабл аз 80-солагияш даргузашт, рӯзи 31-уми декабр дар шаҳри Душанбе дафн карданд. Пайвандонаш гуфтанд, ӯ ним сол пеш ба сактаи мағзӣ гирифтор шуда буд.
Пайвандони Комилҷон Наҷмиддинов аз ноҳияи Файзобод мегӯянд, ки ӯ як сол пеш дар шароити барояшон норӯшан аз Красноярск ба ҷанги Русия алайҳи Украина бурда шуда, моҳҳо боз бедарак аст. Маълум нест, асир афтода, маҷруҳ ва ё кушта шудааст.
Миллионҳо нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели бекорӣ ва маоши ночиз роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд. Ҳамасола ҳазорҳо нафар бо сабабҳои гуногун дар кишвари мусофират ва дур аз наздиконашон ҷон медиҳанд.
Мақомоти Эрон дар як соли ахир 1922 нафар, аз ҷумла беш аз 59 зану ду ноболиғро эъдом (қатл) кардаанд. Бино ба гузориши солонаи созмони ҳуқуқи башар HRАNA (Human Rights Activists News Agency) ин омор ду баробар бештар аз соли 2024 аст.
Ёфтҳои бештар