Сарфи назар аз изҳороти ширкатҳои барқрасон дар Тоҷикистон, ки “барои тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ гирифтаанд”, шикоятҳо аз сатҳи хидматрасонии онҳо бештар шудааст. Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” вуҷуди камбудҳоро дар кори таъмини сокинон бо барқ қисман мепазиранд.
Ҳокимони минтақаҳои сарҳадии вилояти Суғд мегӯянд, табодули манзилу заминҳо бо Қирғизистон тақрибан ба анҷом расидааст.
Дар соли 2025 беш аз дусад зан дар Тоҷикистон қасд ба ҷони худ карда, бархе аз ҳаёт маҳрум ва чанде аз сӯйи наздикон наҷот дода шудаанд.
Мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, соли гузашта бо арзиши садҳо миллион сомонӣ дуздии барқро ошкор кардаанд.
"Дар бемористон ҳуҷҷат доданд, ки касали рӯҳӣ аст, аммо аз артиш ҷавоб намедиҳанд." Пайвандони Эмомҷон Шаханов аз ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бо баёни ин ҷумла ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки ӯ бемор аст ва бояд аз хидмат озод карда шавад.
Дар ҷараёни саркӯби хушунатомези эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон ҳазорон нафар кушта шуданд. Бар асоси гузоришҳо, аксари онҳо дар рӯзҳои 8 ва 9-уми январи соли 2026 ҷони худро аз даст додаанд. Ин саркӯби хунин як миллатро дар сӯг нишонд.
Раёсати корҳои дохилии Хатлон рӯзи дувуми феврал бо нашри як навор аз боздошти ду гурӯҳе хабар дод, ки дар Кӯлоб ба фурӯши маводи нашъадор, аз ҷумла моддаи сахттаъсири метамфетамин ё кристал машғул будаанд. Дар Душанбе ҳам се нафар бо ҳамин иттиҳом боздошт шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон гузориш доданд, ки дар соли 2025-ум 280 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис додаанд. Вале баҳс атрофи ин мавзуъ ва посухи масъулони Вазорати кору муҳоҷират рӯзи севуми феврал нишон дод, ки аз ин омор танҳо 74 ҳазораш ҷойҳои холии кори доимӣ будааст.
Вазири кору муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт, дар соли 2025-ум 36 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ронда шудаанд.
Як духтари ноболиғ талош дорад, ки мақомот падарашро аз зиндон озод ва ӯро пурра бегуноҳ эълон кунанд. Ин мард ду сол пеш бо гуноҳи дастарозӣ ба номуси ду духтари наврасаш 23 сол аз озодӣ маҳрум гаштааст. Духтарон ҳоло дар ятимхона ҳастанд.
Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз сирояти вируси нави хатарноки ҳиндии “Нипаҳ” дар фурудгоҳи Душанбе мусофиронро муоинаи тиббӣ мекунад.
Марги кӯдаки думоҳа баъди ҳиҷодармонӣ дар Қирғизистон, баҳси табобат бо ин усули қадимиро дигарбора дар ин кишвар доғ кард.
Ёфтҳои бештар