Ширкатҳои чинӣ, ки майли зиёде ба маъданҳои кӯҳӣ доранд, таваҷҷуҳро ба вилояти Суғд бештар кардаанд.
Садҳо нафар аз фаъолони маданӣ ва сиёсии Эрон бо нашри муроҷиатномае, сиёсат ва саркубгариҳои Ҷумҳурии исломиро маҳкум карда, ҳамлаҳои низомии Амрико ва Исроилро "хилофи ҳуқуқи байналмилал" хондаанд.
Даҳҳо зан дар Тоҷикистон баъди талоқ гирифтан ҳам, аз тарафи шавҳарони собиқашон латукӯб мешаванд ё ба камияш ҳадафи фишори равонӣ қарор мегиранд. Ин баҳсҳо гоҳе бо фоҷеа ва ятим мондани кӯдакон меанҷомад. Чаро мардон ба таъқибу назорати ҳамсарони собиқи худ идома медиҳанд?
Намояндагони Кумисюни мустақили Созмони Милал дар умури Украина дар зиндонҳои ин кишвар бо ду шаҳрванди Тоҷикистон мусоҳиба кардаанд. Яке аз онҳо гуфтааст, аз зиндони Русия ба ҷанг ҷалб шуд ва дигаре бо ваъда гирифтани шаҳрвандӣ.
Як кумитаи Думаи давлатӣ ё порлумони Русия рӯзи чоршанбе аз тарҳи нави қонуне ҳимоят кард, ки шартҳои гирифтани патент ва иҷозаи иқомат ё РВП-ро барои муҳоҷирони корӣ бисёр сахт мекунад.
Додгоҳи ҳарбии Маскав 15 гумонбари ҳамла ба толори "Крокус" дар соли 2024-ро ба ҳукми абад ва чор тани дигарро аз 19 то 22 сол аз озодӣ маҳкум кард.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, пас аз шикасти гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дар Ироқу Сурия, ҷангҷӯён дар Афғонистон ҷамъ шуда, барои суботу амнияти ин кишвар “хатари ҷиддиро ба миён овардаанд”.
Як маъмури собиқи муассисаи ислоҳии ноболиғони душвортарбия дар Душанбе иддао дорад, ки баъзе аз кормандон ба ҷойи тарбияи муносиб бо наврасон бадрафторӣ мекунанд. Ба қавли ӯ ин бадрафториҳо мумкин аст, ки наврасонро то ба худкушӣ расонад.
Баъзе аз вакилони мардумӣ дар Қазоқистон мехоҳанд, шаҳрвандоне, ки ба ҷанги кишварҳои дигар ҷалб шудаанд, афв ё бахшида шаванд. Назарҳо яксон нест.
Ҳайате ба раҳбарии вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён рӯзи чоруми март ба дидори занони зиндонӣ ба шаҳри Норак рафтаанд. Ҷое, ки бештар аз 500 зану духтар нигаҳдорӣ мешаванд ва дар байни онҳо занони обистан, бо тифлони хурд ва пиразанон ҳам ҳастанд.
Баъзе аз сокинони як деҳаи марзӣ дар Исфара иддао доранд, ки тақсими молу мулки табодулшуда бо Қирғизистон одилона сурат нагирифтааст. Даҳҳо хонавода дар ин гӯшаи Тоҷикистон ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ аз ҳавливу заминҳояшон маҳрум шуданд.
Ёфтҳои бештар