Сокинони ноҳияи Исфара рӯзи якшанбеи 23-юми март ҷашни Наврӯзро бо ширкати меҳмонон аз вилояти Бодканди Қирғизистон таҷлил карданд.
Кони ангишти Сулуюкта беш аз 700 корманди худро бинобар баста будани марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ва ба фурӯш нарафтани ангишти он, муваққатан ба рухсатии бемузд фиристодааст .
Имрӯз дар ҷамоати Ворух, яке аз нуқтаҳои доғи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар як боғ Наврӯзро таҷлил карданд, вале бидуни ширкати меҳмонон аз кишвари ҳамсоя.
Мақомоти тоҷику қирғиз дар арафаи ҷашни Наврӯз посгоҳҳои муваққатиеро, ки дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аъло ва Оқсой гузоштаанд, бардоштаанд. Аммо ин қитъаи марз ҳамчунон олуда ба таниш боқӣ мемонад.
Даҳҳо тан аз тоҷирон дар шимоли Тоҷикистон аз мақомот тақозо доранд, ки дар раҳоии молу колои онҳо, ки дар терминали Ӯши Қирғизистон банд мондаанд, мусоидат намоянд.
Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 12 март дар марз бо Афғонистон на ду моҳигир, балки ду қочоқбари маводи мухаддир ва он ҳам даро пайи як задухӯрди мусаллаҳона кушта шудаанд.
Сокинони Исфара мегӯянд, ки марзбонони қирғиз дар байни деҳаҳои Хоҷаи Аъло Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон посгоҳи нав гузошта, даъво доранд, ки ҳудуди 50 гектар замини он ҷо ба онҳо тааллуқ дорад.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки баъд аз ташануҷи дирӯза ҳамакнун роҳ ба сӯи Ворух боз шуда ва вазъ дар марз мӯътадил мебошад.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз убури даҳҳо мошини борбар тариқи марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон хабар дод. Субҳи имрӯз 22 мошин аз он тараф ба Тоҷикистон ва 12 мошин аз ин сӯ ба Қирғизистон ворид шудаанд.
Мақомоти қирғиз хабари тавофуқ дар мавриди боз шудани марзи Тоҷикистону Қирғизистонро рад карда мегӯянд, ки ин масъала дар музокироти ахир дар Душанбе ниҳоӣ нашуда буд.
Як узви ҳайъати Тоҷикистон баъди анҷоми музокироти пушти дарҳои бастаи Душанбе гуфт, Қирғизистон розӣ шудааст, ки то ду рӯзи дигар гузаргоҳҳои марзиашро боз кунад.
Як рӯзномаи чопи Бишкек роҷеъ ба ваъдаи муовини нахуствазири Тоҷикистон дар мавриди аз анклав баровардани минтақаи Ворух, назари чанд тан аз чеҳраҳои сиёсии он кишварро ба нашр расонидааст.
Ёфтҳои бештар