Сокинони рустоҳои марзии Тоҷикистон мегӯянд, ки Қирғизистон бе мувофиқа бо Тоҷикистон ба сохтмони роҳ ва пул дар қитъаҳои баҳсбарангези марзӣ идома медиҳад.
Ба бовари наздикони Ҳотамхон Назриев, ин сокини 23-солаи Шӯроободро афроди мусаллаҳ аз гурӯҳи Пири Бурҳон рабудаанд. Пири Бурҳон дар ивази раҳоии ин ҷавон 30 000 доллар талаб кардааст.
Мақомот ва коршиносони тоҷик мегӯянд, мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон роҳи ҳал дорад, вале танҳо дар сурати мурооти манфиати тарафайн.
Рӯзи 17 июл дар музокироти вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо раҳбарони Қирғизистон дар Бишкек масоили равобити дуҷониба ва танишҳои ахири марзӣ баҳс шудааст.
Бо гузашти чанд рӯз аз тирпарронӣ дар марзи Исфараву Бодканд таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ду кишвар бояд то замони ҳалли пурраи масоили марзӣ заминҳои баҳсиро муштаракан идора кунанд.
Маҳмадтоҳир Зокиров , раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезияи Тоҷикистон рӯзи 14-уми июл гуфт, "Ворух ҳеҷгоҳ анклав набуд ва нест."
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон мегӯяд, миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар музокираи Комиссияи муштаарки байни давлатӣ сохтмони роҳҳои алтернативӣ баррасӣ нашудааст.
Душанбе ва Бишкек ба тавофуқ расиданд, ки ҳодисаи рӯзи 10 июл дар Исфара ба таври муштарак таҳқиқ шуда ва тарҳи бунёди роҳҳои алтернативӣ дар мавзеъҳои баҳснок, таҳия шавад.
Сокинони рустоҳои марзии Исфара аз он нигаронӣ мекунанд, ки бидуни мувофиқа сохта шуданди роҳи Кӯктош - Тамдиқ ҷамоати Ворухро, ки даро длохили Қирғизистон мондааст, дар инзивои боз ҳам бештар қарор хоҳад дод.
Мақомоти Суғд мегӯянд, музокироти дирӯзаи Тоҷикистону Қирғизистон дар Қайроқуму Исфара бидуни натиҷа анҷом ёфтааст.
Ёфтҳои бештар