Пас аз ду рӯзи муноқишаҳои хунин дар марзи миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон, мақомоти ду кишвар мегӯянд, ки вазъ ҳоло ором аст.
Комиссияе, ки рӯзи 29-уми апрел бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли муноқишаи мусаллаҳона дар минтақаҳои марзии ду кишвар созмон дода шуд, сабабҳои сар задани ин ҳодисаро баррасӣ кард.
Рӯзи 29-уми апрел, дар авҷи муноқиша дар марз бо Қирғизистон, ҳукумати Тоҷикистон ҷаласа баргузор кард.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон дар робита ба вазъ дар сарҳад гуфтугӯ кардаанд.
Анна Матвеева, пажӯҳишгари Коллеҷи Салтанатии Лондон рӯзи 29-уми апрел дар суҳбате бо Радиои Озодӣ дар бораи сабабҳои то ба ин ҳад шиддат гирифтани муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон суҳбат кард. Анна Матвеева муаллифи чандин пажуҳиш дар бораи амният дар Осиёи Марказист.
Раиси шаҳри Исфара, Баҳоваддин Баҳодурзода, дар марз бо Қирғизистон захмӣ шудааст.
Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон, аз сокинон ва бахусус нирӯҳои сиёсиву расонаҳо дар он кишвар давъат кардааст, ки "ором бошанд", "ба иғво дода нашаванд" ва "душманиву ихтилофро барнаангезанд".
Узбекистон аз Тоҷикистону Қирғизистон хостааст, ки фаврӣ ба низоъ дар марз хотима дода, барои оддӣ шудани вазъ чораҳои мутарак андешанд.
Ёфтҳои бештар