Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) гуфт, нерӯҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар даргирии марзии моҳи сентябри соли 2022 ба иқдомҳое даст задаанд, ки дарбаргирандаи "мавридҳои ҷиддии нақзи қонунҳои ҷанг" аст.
Муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон нафақат даҳҳо куштаву миллионҳо сомонӣ зиёни молиро дар пай дошт, балки чандин оиларо бесаробон гузошт ва фарзанду занони онҳоро дарбадар кард. Бархе аз чунин хонаводаҳо ҳайрон мондаанд, ки зиндагии ояндаи худу фарзандонашонро чӣ гуна бисозанд.
Як намояндаи Дастгоҳи иҷроияи президент ба тарзи кори хабарнигорони Тоҷикистон ҳангоми даргирӣ дар сарҳад бо Қирғизистон эътироз кард.
Намояндагони чанд идораи давлатӣ дар шимоли Тоҷикистон аз эҳтимоли боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон хабар доданд. Асосан ин нуктаро раҳбарони мақомоти интизомӣ дар суҳбат бо рӯзноманигорон охири ҳафтаи гузашта баён доштанд. Сарҳади ду кишвар тақрибан ду сол боз бастааст.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баъзе ҷузъиёти гуфтугӯи Душанбе ва Бишкек дар масъалаи аломатгузории марзро шарҳ дод. Сироҷиддин Муҳриддин 17-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, соли гузашта Тоҷикистону Қирғизистон наздик ба 20 километри дигари хати марзро муайян кардаанд.
Шаш аспе, ки аз Қирғизистон ба ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон гузаштаанд, ба соҳибонашон бозгардонида шуданд. Мақомоти интизомии ноҳия гуфтанд, воқеа на ҳуҷҷатгузорӣ шуд, на расонаӣ.
Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, рӯзи 31-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, "дар ноҳияи Деваштич беш аз 100 километр сарҳад бо кишвари ҳамсоя мувофиқа карда шуд. 4,3 километри дигар дар ноҳияи Лахш."
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Роҳи як замон серравуо ду сол боз бастааст. Ҳамсояҳое, ки дар суру мотами ҳамдигар шарик буданд, ҳоло аз сояи якдигар меҳаросанд.
Медербек Алиев, раиси кумитаи қонунгузории конститутсионӣ, сохтори давлатӣ, масъалаҳои додгоҳиву ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии порлумони Қирғизистон аз мақомаш истеъфо додааст.
Изҳороти раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) дар бораи "Торт-кочо" ё чоркӯчае байни Исфараву Бодканд сокинони як минтақаи марзии Тоҷикистонро нигарон кардааст. Мақомоти Тоҷикистон чизе намегӯянд.
Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар ҷаласаи порлумони ин кишвар ва дар вокуниш ба танқидҳои вакил Адахон Мадумаров баъзе аз ҷузъиёти гуфтугӯҳои марзиро бо Тоҷикистон ошкор кард.
Ёфтҳои бештар