Оқилҷон Одиназодаи 22-сола, яке аз сарбозони захмии тоҷик дар муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, даргузашт. Ӯро рӯзи 15-уми ноябр дар зодгоҳаш, деҳаи Сафедмуни ноҳияи Тоҷикобод, дафн кардаанд.
Як мансабдори баландпояи Қирғизистон хабар дод, ки кишвараш аз Туркия паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишини "Аксунгур" харид, аммо шумораашро нагуфт.
Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қирғизистон сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодиро барои ду моҳ баст. Мақомот рӯзи 26-уми октябр сабабашро як гузориши видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон номиданд.
Пешниҳоди ҷалби ҷониби севум ба ҳалли баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои охир зиёд садо медиҳад. Кӣ метавонад миёнравӣ кунад? Оё дахолати нерӯи севум боиси шиддати низоъ намешавад?
Тоҷикистон ва Қирғизстон пас аз як моҳи даргирии мусаллаҳона дар марз дубора ҳамдигарро барои нақзи созишҳо ва низомисозии минтақаҳои сарҳадӣ муттаҳам мекунанд. Баёнияҳои расмии ҳарду ҷониб беш аз пеш шадидтар мешаванд ва нишон медиҳанд, ки даргирӣ ҳанӯз ба таври комил мутаваққиф нашудааст.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, Қирғизистон “ниятҳои шуме” дорад ва вазири дифои Қирғизистон гуфт, байни Бишкеку Душанбе “сулҳ буда наметавонад”, зеро ҳар яке ҳақиқати худро дорад. Ин баёнияҳоро таҳлилгарон хатарнок ва баёнгари эҳтимоли такрори муноқишаҳои хунин дар марз меноманд.
Раёсати марзбонии КДАМ дар вилояти Суғд вазири мудофиаи Қирғизистон ва дигар мақомдорони ин кишварро ба “иғвоангезӣ” ва “талоши ноором кардани вазъ” муттаҳам кард.
Номуайянии сарҳад дар байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даҳаи охир сабаби зиёда аз 140 низои хурду калон шуда, дар натиҷа, аз ду ҷониб ҷамъан беш аз 200 нафар ҷон бохта, садҳо кас захмӣ гаштаанд. Дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.
Ҷониби Қирғизистон ба изҳороти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон посух дод ва онҳоро "дур аз воқеият номид". Рӯзи 19-уми октябр Раёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон, Қирғизистонро ба иғвоангезӣ ва ноором кардани вазъ дар сарҳади ду кишвар муттаҳам кард.
Раёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон Қирғизистонро ба иғвобарангезӣ ва ноором кардани вазъ дар сарҳади ду кишвар муттаҳам кард ва гуфт, ин кори мақомоти Қирғизистон "ҳадафмандона ва барои барангехтани низоъҳои нав" аст. Бишкек ҳанӯз вокуниш накардааст
Дар даргириҳои 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз ду тараф даҳҳо кушта ба ҷой гузошт, тақрибан даҳ масҷидро дар ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров нишон гирифтаанд. Ҷониби Қирғизистон қазияро шарҳ надодааст.
Захмиёни даргириҳои 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шифохонаҳои вилояти Суғд муолиҷа мегиранд. Чанде аз онҳо дидаҳои худро ба хабарнигорони Радиои Озодӣ нақл карданд.
Ёфтҳои бештар