Ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон ба ҳабси абад маҳкум шуд, барои озод кардани ӯ аз президент Эмомалӣ Раҳмон ёрӣ хостааст. Наргиса Ҷабборова мегӯяд, шавҳарашро “бегуноҳ” умрбод зиндонӣ карданд. Мақомот гуфтанд, барои ӯ аз Русия вакили мудофеъ меоранд.