Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 21 ва 22 ноябр дар Бишкек баргузор шуд, масоили марбут ба таъмини амнияти марзҳо ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ баррасӣ шудааст. Бишкеку Душанбе дар баробари таъкид ба эътидоли вазъ дар рустоҳои наздимарзӣ дар ду соли охир, аз коҳиши якбораи тиҷорати марзӣ сӯҳбат кардаанд.