Як узви Кумитаи пайгирии парвандаи Бобаки Занҷонӣ дар парлумони Эрон гуфтааст, ки аз понздаҳ як ҳиссаи дороиҳои ин миллиардери боздоштшуда, дар Тоҷикистон аст.
Вазири нафти Эрон Бежан Номдори Зангана гуфтааст, ки Бобаки Занҷонӣ --миллиардери зиндонӣ аз ибтидо қасд доштааст, ки 2,7 миллиард доллар қарзҳои ин вазоратхонаро пардохт накунад.
Мушовири президенти Эрон дарёфти пул аз Бобак Занҷонӣ аз сӯи ситоди интихоботии Ҳасани Рӯҳониро рад кард. Аммо бархе намояндагони Маҷлис гуфтаанд, ситоди интихоботии Ҳасани Рӯҳонӣ аз Занҷонӣ 5 миллиард туман гирифта буд.
Зайд Саидов -- раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав аз раиси Додгоҳи олӣ хостааст, баррасии парвандаи нави ӯ дар ҳузури хабарнигорон сурат гирад, то гунаҳкор ё бегуноҳ буданаш ба ҳама ошкор шавад.
Бо номушаххас мондани парвандаи Бобаки Занҷонӣ, порлумони Эрон тасмим гирифтааст, ки раҳбарони чаҳор вазоратро, ки бо ин парванда сару кор доранд, мавриди суолу ҷавоб қарор бидиҳад.
Дар ҳоле, ки дар матбуоти Эрон дигарбора сӯҳбат аз дороиҳои Бобаки Занҷонӣ дар сархати хабарҳо қарор дорад, масъулони ширкати "Конт групп Тоҷикистон" мегӯянд, ки ин сармоядори боздоштшудаи эронӣ дар Тоҷикистон дороӣ надорад.
Гулафрӯз Қурбонова ва Бунафша Нуралиева - ҳамсар ва хоҳари вакили дифои боздоштшуда мегӯянд, рӯзи ҳабси ҳамсар дар хона кофтукоби бидуни санад ҷараён гирифт.
Мақомоти Эрон мегӯянд, ширкати ҳавопаймоии Қишм ва бошгоҳи футболи "Роҳи оҳан", ки мутааллиқ ба ширкати Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ аст, ба афроди ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ вогузор мешаванд.
Мақомоти Эрон парвандаи Бобаки Занҷониро яке аз парвандаҳои печида хонда ва мегӯянд, ки он дар марҳилаи муқаддамотӣ қарор дорад.
Номи Бобаки Занҷонӣ замоне дар доираҳои иқтисодӣ, ба вижа бонкдории Тоҷикистону Эрон сари забонҳо омад, ки 2 млд евро пули нафти Эрон ғайб зад ва ҳоло дар Теҳрон бар ин ақидаанд, ки ин пулҳо бо номи ӯ иртибот дорад.
Сафорати Эрон дар Душанбе истисно намекунад, ки 2 миллиарду 460 миллион еврои «гумшуда» -и миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон бошад.
Торнамои шабакаи телевизионии «Ал-арабия» дар матлабе, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр намуд, ба паҳлӯҳои дигари боздошти тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ пардохтааст.
Ёфтҳои бештар