Як мақоми вазорати нафти Эрон гуфтааст, ки агар Бобаки Занҷонӣ қарзҳои ин ниҳодро баргардонад, онҳо омода ҳастаанд, ки амволи мусодирашудаи ин миллиардери боздоштшударо, бозпас бидиҳанд.
Бонки миллии Тоҷикистон муҷаввизи фаъолияти "Контбонк"-ро бозхонд кардааст. Бонки миллӣ ҳамзамон ба "Бонки Осиё", барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, иҷозатнома додааст.
Вазорати иттилоот ё амнияти Эрон дар робита ба чораҳои анҷомдодаи худ дар пайванд ба парвандаи Бобаки Занҷонӣ ва шиносоии амволи ин миллиардер дар хориҷ гуфтааст, ки воридоти 500 васоили нақлиёт аз Тоҷикистон ба Эрон бо арзиши 15 миллион долларро, ошкор намудааст.
Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки агар ҷониби Эрон санадҳои мушаххас дар мавриди вуҷуди сармояҳои Бобаки Занҷонӣ дар бонкҳои кишварро пешниҳод кунанд, онро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар пайи эътирози Бобаки Занҷонӣ ба ҳукми додгоҳ дар нисбаташ, парвандаи ӯ барои бозбинӣ ба Девони олии Эрон фиристода шудааст.
Вакили дифои Бобаки Занҷонӣ мегӯяд, зерҳимояаш пас аз онки аз ҳукми эъдоми худ бохабар шуд, тавсия кардааст, ки масъалаи пулҳои блокшуда пайгирӣ шавад, то дар зудтарин фурсат қарзҳоро пардохт кунанд.
Бобаки Занҷонӣ, миллиардери боздоштшуда эронӣ ва ду тани дигар ба иттиҳоми "фасод фил арз" (фасод дар замин), ба қатл маҳкум шуданд.
Бобаки Занҷонӣ рӯзи сешанбе дар ҳафтумин нишасти додгоҳии худ дар эътироз ба қимати дарназаргирифташуда аз сӯи додситонӣ барои амволаш дар дохили Эрон гуфтааст, ки "22 миллиард евро пули нақд" дорад.
Рӯзи 3-юми октябр нахустин мурофиа додгоҳии тоҷир ва миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ баргузор шуд. Занҷонӣ ҳудуди ду сол қабл ба далели напардохтани қарзҳои вазорати нафти Эрон, боздошт шуда буд.
Як узви Кумитаи пайгирии парвандаи Бобаки Занҷонӣ дар парлумони Эрон ба ин назар аст, ки заминаи бозпасгирии амволи Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Ба дунболи созиши ҳастаӣ миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ, таҳримҳо алайҳи миллиардери боздоштшуда Бобаки Занҷонӣ низ лағв шудаанд.
Як узви Кумитаи пайгирии парвандаи Бобаки Занҷонӣ дар парлумони Эрон гуфтааст, ки аз понздаҳ як ҳиссаи дороиҳои ин миллиардери боздоштшуда, дар Тоҷикистон аст.
Ёфтҳои бештар