Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, бо вуҷуди тавсияи Созмони Милали Муттаҳид барои озод кардани Зайд Саидов, тоҷири шинохта ва вазири собиқи саноат, ӯ дар зиндон мемонад.
Наздикони Зайд Сайидов, соҳибкори тоҷик, ки ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст, мегӯянд, хулосаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид умедвории онҳоро барои озодии ӯ бештар кардааст.
Додгоҳи Исмоили Сомонӣ аз қарораш дар робита ба фоидаи Серикбол Окушев гузаштани саҳмияҳои Зайд Саидов ҳимоят кард. Ин қарорро ҳамсари соҳибкори зиндонӣ зери суол бурдааст.
Исҳоқ Табаров мегӯяд, ки мусодираи молу мулк ва хонаҳои даҳҳо наздикони Зайд Саидов ба таври "ғайриқонунӣ" ва "бераҳмона" сурат мегирад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми нави худро нисбат ба Зайд Саидов эълон кард, ки бар асоси он муҳлати зиндони ин соҳибкор се соли дигар тамдид шуда, дар маҷмуъ бо ҳукми пешинааш 29 сол расидааст.
Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ, мегӯяд, парвандаи ӯ сиёсист, чун мақомот ӯро барои гирифтани 3 миллион доллар барои иштирок дар интихоботи президентӣ ҳам муттаҳам донистаанд.
Вакилони дифои Зайд Саидов, соҳибкории зиндонии тоҷик аз Додгоҳи олии Тоҷикистон дархост кардаанд, ки зерҳимояашонро “сафед” намояд.
Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон дар мурофиаи соҳибкори зиндонии тоҷик аз Додгоҳи олӣ талаб кард, ки Зайд Саидовро ба 25 соли зиндон ва 34 миллион сомонӣ ҷарима маҳкум кунад.
Оҷонсии зиддифасод бар асоси даъвои як шаҳрванди Ветнам алайҳи соҳибкори зиндонӣ -- Зайд Саидов айби нав эълон кардааст. Хиеп иддао дорад, "Тоҷикатлас"-ро аз ӯ ғайриқонунӣ гирифтаанд.
Додрас гуфтааст, дархости баргузории мурофиаи парвандаи дувуми Зайд Саидов дар толори Додгоҳи олӣ ва бо ширкати хабарнигорон рӯзи 16 феврал баррасӣ хоҳад шуд.
Маҷмаи порлумонии САҲА аз зиндонӣ кардани Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик ва аз вазъи озодиҳои шаҳрвандӣ ва риояти ҳуқуқи сиёсӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, тафтиши парвандаи навбатӣ алайҳи вазири собиқи саноат Зайд Саидов анҷом ёфта ва барои муҳокима ба Додгоҳи олӣ супурда шудааст.
Ёфтҳои бештар