Ин навор, ки дар сомонаи YouTube нашр шудааст, суханронии Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари шӯъбаи ҲНИТ дар Бадахшонро инъикос мекунад, ки мегӯянд, сабаби куштори ӯ шудааст. ҲНИТ мегӯяд, дар ин суханронии пеш аз маргаш дар баробари сокинони Хоруғ, Мамадризоеви 32-сола дар бораи масоиле сӯҳбат мекард, ки барои як сиёсатмадори тоҷик "оддӣ" буд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, куштори Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари шӯъбаи ин ҳизб дар вилояти Бадахшонро маҳкум кард. Вай аз мақомоти Тоҷикистон талаб намуд, ки омилони ин қатл дарёфт ва муҷозот шаванд. "Ҳамон тавре, ки қатли як генерал барои ҷомеа сангин аст, қатли як сиёсатмадор камтар аз он нест ва бояд ба таври ҷиддӣ баррасӣ гардад",-афзуд ӯ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе.
Рӯйдодҳои Хоруғ бори дигар нишон доданд, ки чӣ гуна ҷангу ноамнӣ метавонад дар они воҳид барномаҳои ҳазорон нафарро барҳам занад.
Раҳбари ҲНИТ гуфт, "ҳамон тавре қатли як генерал барои ҷомеа сангин аст, қатли як сиёсатмадор низ камтар аз он нест".
Қарор аст, барои ҳаводиси ахири Хоруғ ҳамагӣ се нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, боқии иштирокдорони амалиёт афв гарданд.
Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон то кунун 20 нафар дар Бадахшон силоҳҳояшонро таслим кардаанд.
Намояндагии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон ба музокираи миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои созмонёфта кӯмак мекунад.
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон кушта шудани Сабзалӣ Мамадризоев, раиси шӯъбаи ин ҳизб дар Хоруғро таъйид намуд.
Навор рӯзи 26-уми июл дар маҳаллаҳои "Хлебзавод" ва "УПД"-и шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, сабт шудааст. Дар ин навори видео бар иловаи биноҳои "тирхӯрда", инчунин гурӯҳи эътирозгарону БТР-ро ҳам хоҳед дид.
Ёфтҳои бештар