Мақомҳои пулис дар иёлати Мэн дар Амрико мардеро боздошт кардаанд, ки ба таври ғайриқонунӣ ба як хона ворид шуда онҷо хӯрок хӯрд, телевизион тамошо кард, либосҳои соҳибхонаро пӯшид ва бидуни он, ки соҳибхона ба ӯ машкук шавад, аз ӯ хост, ки бо мошинаш ӯро ба назди яке аз дӯстонаш бирасонад.
Сокинони яке аз биноҳои маҳаллаи 32-ум дар ноҳияи Сино мегӯянд, тақрибан ним сол аст, ки наметавонанд, аз ҳамомҳои худ дуруст истифода баранд, зеро бо ворид шудан ба “ванна” онҳоро нерӯи барқ мезанад.
Яке аз сокинони шаҳри Роғун видеои ҷолиберо аз онҷо ба мо фиристод, ки нишон медиҳад, чӣ гуна як акка мори хурдеро дар канори роҳи мошингузар азият мекунад.
Дар хонаи як сокини ноҳияи Файзобод лӯбиёе рустааст, ки ба гуфтаи худаш, метавон онро ба китоби рекордҳои Гиннес ворид кард.
"Қарор дар маҷмуъ қабул шуд, аммо 9 нафар муқобил овоз доданд. Ман пурсидам, кӣ сухан дорад, ҳеч кас чизе нагуфт. Ё система вайрон аст?"
Нуруллоҳ Асламов, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ), ки тайи беш аз се соли охир бо ибораи “гуфтаи мардак” маъруф буд, ахиран онро ба як бренди расмӣ табдил дод.
Дар Арабистони Саудӣ қабл аз шурӯи бозӣ мӯйсари, ба ақидаи мақомот, “ғайриисломӣ”-и дарвозабони бошгоҳи футболи “Ал-Шабоб”-ро маҷбуран тарошидаанд.
Як марди чорводор дар вилояти Форси Эрон як ҷуфт гурги гуруснаро, ки бо ҳамроҳии гурги дигаре беш аз 38 сар гӯсфанди рамаи вайро дарида буданд, "ба эҳтироми муҳити зист", раҳо кард.
Як шаҳрванди Бритониёро бо ҷурми таҳрики адовати қавмӣ ва таҳқири анъанаҳои миллии мардуми қирғиз аз Қирғизистон ихроҷ карданд. Ин коргари кони тило дар шаби соли нав чучуқ, як навъ ҳасиби қирғизиро ба олати асп монанд кардааст.
Дар лаҳзаҳои пешвози президентони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ миллиардери маъруфи қазоқ хост бо президенташ акс гирад, вале натавонист.
Ёфтҳои бештар