Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳо аз дуру наздик

чоршанбе 4 декабр 2024

Тақвим
декабр 2024
дшб сшб чшб пшб ҷум шнб пкш
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

Ҷавонмарди тоҷики гирифтори хунрезии мағзӣ бо мусоидати "Озодӣ" ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ба ватан интиқол ёфт.

Сӯҳроб Гулов, як сокини деҳаи Озодии меҳнати ноҳияи Бохтар, умед дошт, ки кори мавсимии ӯ дар яке аз сохтмонҳои Маскав метавонад вазъи оилавии ӯро беҳтар карда, нони даҳони панҷ фарзандашро таъмин кунад. Вале баъд аз ду моҳи кори сангин ин ҷавонмарди 33-сола ногаҳон ба мушкили сахте дучор шуд.

Ӯро чаҳор ҳафта пеш дар ҳолати комилан заифу нотавон ба яке аз беморхонаҳои Подмосковйе интиқол доданд. Ташхиси тиббӣ муайян кард, ки ин марди тоҷик ба хунрезии мағзӣ дучор шуда, дар они воҳид аз ҳаракату ҳарф задан монд. Пас аз 15 рӯзи муолиҷаву табобат дар шифохонаи Старые Химки, хешу ақрабояш қарор карданд, ки ӯро ба Тоҷикистон барои идомаи муолиҷаву муроқибати хешовандон фиристанд.

Шералӣ Сафаров, тағои Сӯҳроб Гулов, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хостори кӯмак дар интиқоли хоҳарзодааш ба Душанбе шуд. Вай гуфт, масъулини фурудгоҳи Домодедово сафари марди камҳаракату беморро қатъиян рад карда гуфтаанд, чунин масъулиятро ба зимма намегиранд. Баъд аз тамоси Радиои Озодӣ бо сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев, рӯзи 12-уми ноябр кормандони намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав ба кӯмаки Сӯҳроб шитофтанд ва дар интиқоли ӯ ба ватан мусоидат карданд. Ҳоло Сӯҳроб Гулов дар беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Қӯрғонтеппа зери назари табибон аст.

Бобоҷон Ӯрунов, мудири шӯъбаи беморхонаи мазкур, ки Гуловро зери назар дорад, ба хабарнигори Радиои Озодӣ танҳо чанд лаҳза фурсат дод, ки бо бемор гуфтугӯ кунад. Дар назди бистари Сӯҳроб ҳамсари ӯ нишаста, дастони аз ҳаракат мондааашро массаж (маҳс) мекард.

  • Ягон сӯм барои зиндагӣ кор кунем гуфта, бо ин мақсад ба Маскав рафтам. Бемор шудам ва ҳолатам нохуб шуд. Вақти омадан дар аэропорт (фурудгоҳ) гуфтанд, ки агар ба самолет савор шавӣ ва вақти баланд шудан ҳолат бад шавад, кӯмак карда наметавонем. Гуфтанд, ки ту бояд дар курсии се нафар парвоз кунӣ. Бо 57
    ҳазор рубл билет харидем, аммо боз ҳам иҷозат надоданд. Вақте Радиои Озодӣ ба сафорат телефон кард, маро кофта ба касалхона омаданд. Гуфтанд, “чӣ хизмат?”. Гуфтам, “маро ба ватан баргардонед”. Баъд онҳо барои парвоз рухсат доданд. Раҳмати калон, ки ҳамин Радиои Озодӣ будааст...

Табиб Ӯрунов гуфт, бемор дар ҳолати вазнин аз шаҳри Маскав оварда шуд.
  • Ташхис нишон дод, ки ӯ ба геморрогический инсулт, яъне вайроншавии гардиши хун гирифтор шудааст, ки ба майнаи сар таъсир кардааст. Ин аз қабили бемориҳои сангин мебошад ва табобати бемор ҳам сахт аст. Мо тамоми чораҳои заруриро андешидем. Феълан ҳолати ӯ хуб аст. Дасту пояш ҳоло аз ҳаракат бозмондаанд ва мо талош дорем, ки ӯро аз ҷояш бихезонем. Массажу доруву дармонашро сари вақт қабул мекунад,- гуфт табиб

Бобоҷон Ӯрунов илова кард, ки барқароршавии комили шахси бемор фурсати зиёд – аз се моҳ то шаш солро талаб мекунад. Вай гуфт, пешравии рӯзҳои аввали баъди бозгашти бемор аз Русия ин аст, ки ӯ аллакай дар ҷояш нишаста метавонад: “Кӯшиш мекунем, ки зудтар роҳгардиро низ ёд гирад.”

Ҳоло дар баробари табибон хешу наздикон ва бахусус ҳамсари мушфиқи Сӯҳроб талош доранд барояш ҳамаҷониба кӯмак кунанд. Вай мегӯяд, талоши шавҳараш ин буд, ки баъд аз кор дар Русия барои сохтани манзиле барои ин хонаводаи серфарзанд маблағ ҷамъ кунад. Ҳамсари Сӯҳроб гуфт, “ҳоло саломатии ӯ муҳимтар аз ҳар чизи дигар аст.”
ПАРЧАМ ВА ҲОҶИЁНИ ТОҶИК ДАР САРЗАМИНИ МУҚАДДАС (МИНО)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00
Линки мустақим

Ин навор дар яке аз тунелҳое ки байни хаймаҳои ҳоҷиёни тоҷик дар мино ва ҷамарот мепайвандад мебошад, ва чуноне, ки мебинед ҳоҷиёни тоҷик ба суи ҷамарот равонаанд. Гузошта шуд аз ҷониби Аҳмад

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG