Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳо аз дуру наздик

Бо арзи салом!

Озодии мухтарам, дар Хучанд чунин хабархое пахн шудаанд, ки гуё дар шахр як гурух одамрабоёни котил чанд чиноят содир кардаанд, максади катл - аъзои бадани инсон: дил, гурда ва гайра мебошад, ки онро дар трансплонталогия истифода мебаранд ва бо нарххои гарон барои ниёзмандон ё ин ки "фармоишгарон" месупоранд.

Хамин хабарро тархрези мекардед, 3-4 ходисаи куштор гуё ба кайд гирифта шудааст, ки часади кушташудагон бо аломати чаррохи ёфт шуда бошад. Аламовартаринаш он аст, ки мобайни кушташудагон онхо кудакон низ гуё хастанд. Хамин хабарро барраси мекардед. Бо арзи сипос.
Фарҳод Султонов
Салом ба кормандони радиои Озоди!
Ахмад хастам, як нафар омузгори точики дур аз ватан ва мухлиси доимии сомонаи шумо аз Шонхай, Чин.

Хохише доштам, шояд аз чониби шумо дастгири ёбад. Камина якчанд муддат пеш, аз шумо дархост карда будам ва хостам боз дархости дигаре барои шумо ирсол дорам.Банда холо дур аз ватан, ки хастам танхо тавассути сомонахои озоди ва азиа плюс аз вазъу ахволи ватани худ огох мешавам ва рости ба ин сомонахо мухлис хастам чунки холати дурусти хамагуна хабархоро танхо аз ин сомонахо ба дурусти пайдо мекунам. Ба рости хеле захмат мекашед ва барои хекуахволии мардуми кишвари азизамон хизмати арзандае доред. Дастотон дардро набинад, як чахон ташаккур!

Максадам хамин корхонаи Мовароуннахр аст. Чахор сол боз аз пушти хакки халоли худ давида гаштаем. Бовар кунед бародарону хохарон фарзандони донишчуям ичоранишинанд. Кариб як мох пеш аз чониби сомонаи озоди бо тахияи хохари азиз Шахлои Гулхоча як маводе нисбати корхонаи Мовароуннахр ба самъи мо расид, хамчунин аз чониби сомонаи азиа плюс хам. Натичаи хар ду чунин буд, ки бояд ба наздики хуччати нисбат ба рохбари корхонаи Мовароуннахр Охунов Ч. аз чониби кормандони зидди коррупсия дида баромада ба охир расад. Бо хамин хама хомуш шуд. Аз шумо бори дигар хохиш мекунам, нисбати вазъи хозираи хамин корхонаи Мовароуннахр боз маводи дигаре тахия мекардед ё сухбате меоростед бо прокурори генерали то ки мо бо ин восита ба суолхои худ поисух бигирем!!!

Мунтазири чавоби хохиши худ ва дуогуйи бехбуди дар фаъолият!
Ахмад Ахтамов Шонхай, Чин.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG