Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳо аз дуру наздик

сешанбе 3 декабр 2024

Тақвим
декабр 2024
дшб сшб чшб пшб ҷум шнб пкш
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5
Шамсияи Маъруф
Шамсияи Маъруф

Наздикони Шамсияи Маъруф, сокини 22-солаи ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, як ҳафта боз ӯро ҷустуҷӯ доранд.

Бозор Холиқов, сокини ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе омада ва гуфт, хоҳарзодааш -- Шамсияи Маъруф субҳи 6-уми декабр аз манзили зисташ, воқеъ дар маҳаллаи Ҳалқаҷари ҷамоати Гулистон (5-километрии шарқи пойтахт), берун рафта, то кунун барнагаштааст

Ҷаноби Холиқов гуфт, аз сабаби он ки аксарият аз саҳфаи Радиои Озодӣ боздид мекунанд, ба нияти пайдо кардани хоҳарзодааш ба мо муроҷиат кардааст. "Шояд нафаре аз хонандагон тавонад, дар пайдо кардани хоҳарзодаам ба мо кумаке намояд",-изҳори умед кард Холиқов.

Шамсияи Маъруф ҳамагӣ 22 сол дошта, соҳиби ду фарзанд будааст. Тағояш мегӯяд, Шамсия дар пайи хархаша бо шавҳараш бидуни шарҳу тавзеҳ хонаро тарк гуфта, то ҳол барнагаштааст. Наздикони ӯ мегӯянд, барои пайдо кардани Шамсия ба мақомот ҳам муроҷиат карда, мунтазири хабаре аз ӯ нишастаанд.

Агар Шумо, хонандаи азиз, аз Шамсияи Маъруф хабаре доред ва ё ӯро дар куҷое дидаед, лутфан, моро дар ҷараён гузоред.
Худойбердӣ Халлӣ, нависандаи туркман
Худойбердӣ Халлӣ, нависандаи туркман

Ин матлабро нависанди туркман Худойбердӣ Халлӣ навиштааст ва мегӯяд, барои вай ҳамчун фарзанди Осиёи Марказӣ мояи ифтихор аст, ки аз ин минтақа Ҳунарпешаи халқии СССР Ҷӯрабек Муродов бархосту оҳангу таронаҳои ин минтақаро машҳур гардонд.

Дар Тоҷикистон чизе баландтар аз кӯҳҳо нест. Қуллаҳо ба осмон мерасанд. Дар Тоҷикистон мегӯянд, баъзе қуллаҳои баландтаринро ҳатто парандаҳо наметавонанд фатҳ кунанд. Аммо дар Тоҷикистон оҳангҳое ҳастанд, ки ин қуллаҳо барои онҳо монеъ буда наметавонанд.

Яздон ба ҳунарпешаи тоҷик Ҷӯрабек Муродов овози зебое дод. Чунин садои хушро ман дар ҳеҷ гӯшаи минтақаи мо нашунидаам. Ин садо худ оҳанг дорад ва оҳангаш мисли худи садо зебост. Биноан дарк кардан мушкил аст, ки мусиқии садо моро тасхир мекунад ё зебоии он.

Дар ин садо ман зебоии кӯҳҳоеро мебинам, ки сар ба абрҳо фурӯ бурдаанд, покии водиҳо ва таровати чашмаҳои кӯҳиро мебинам. Вақте суруди ӯро мешунавам, фикр мекунам, дар фазои Тоҷикистон парвоз дорам.

Азбаски ман забони тоҷикиро танҳо камубеш медонам, талош кардам, бифаҳмам, ки Ҷӯрабек дар бораи чӣ мехонад ва аз онҳое, ки тоҷикиро медонанд, хоҳиш карда будам, ки маънии тарона ё байтҳои зро ба ман фаҳмонанд. Тарҷумаҳо ба ман писанд наомаданд, зеро матни тоҷикӣ ба тарҷума зеботару ҷолибтар садо медод.

Сабки ӯ, ба фикрам, хеле мардумист. Биноан, тарҷумаи он ё талоши фаҳмондани он хеле сахт аст. Шеър ва мусиқиро метавон танҳо ҳис кард. Он гоҳ он мармуз ва ҷозибадор хоҳад буд. Баъд аз ин ман дигар саволи онро, ки Ҷӯрабек ин ҷо дар бораи чӣ мехонад, канор гузоштам. Охир ба сари кас ин фикр намеояд, ки мусиқиро тарҷума кунад. Таронаҳои ӯ низ натиҷаи ба мусиқӣ табдил ёфтани садои инсон аст. Ва ин садо ба мисли орзуи инсон хушоянду афсонавист. Он пури таманно ва ҳиссиёт аст. Аз ин ҷост, ки садо метавонад, аз баландтарин қуллаҳо гузарад ва ба инсонҳои дигар расад. Рости гап, ӯ сарвати миллии халқи тоҷик аст.

Овози Ҷӯрабек Муродов боз як хосияти фарқкунанда дорад. Он танине аз гузаштаи бостонист. Дар эҷодиёти ӯ лаҳнҳои ҳунари Борбади Марвазӣ ниҳонанд. Ромишгари машҳуре, ки дар Мари (Марв) зиста, баъдан шаҳри моро тарк кардааст. Оҳангҳои ӯ, ки имрӯз ҳам шӯҳрат доранд, ҳамроҳ бо хонданҳои Ҷӯрабек накҳати замонҳои қадимро ба рӯзҳои мо мерасонанд. Ин аст, далели он ки пайванд бо даврони бостонӣ вуҷуд дорад. Ин ҳайратовар аст. Махсусан, вақте ӯ оҳангҳоеро мехонад, ки асосашон ба мусиқии Борбад рабт дода мешавад, ба назар чунин меояд, ки ромишгари афсонавӣ аз нав зинда шудааст. Он гуна ки офтоб медурахшад, аз одамони ҷолиб ва ҳунарманд тамоми умр нуре ба атроф мерезад.

Комилан имконпазир аст, ки аз нуқтаи назари таърих, зарурат ба ҳунари ӯ вуҷуд надошт. Зеро шахси камҳунар наметавонист ҳамаи сарват ва мероси фарҳангии халқи тоҷикро ба мо расонад. Таронаҳои ӯ ба монанди худи тоҷикон одӣ, боз ва фаҳмоянд. Барои ҳамин дигарон низ дар олам сурудҳои ӯро мефаҳманд. Зеро мусиқии ӯ аз дили халқи тоҷик берун меояд.

Ба назари ман, барои дарки ҳунар ва ҳувияти худ овозхонон гоҳе ба хондани суруди мардумони дигар иқдом мекунанд. Ҷӯрабек чанд сурудеро ба забони туркманӣ хондааст. Агар ӯ таронаҳои моро барои мо бо ин зебоӣ ва ин қадар хуб иҷро карда бошад, барои мардуми худ чӣ гуна хуштару зеботар мехонда бошад! Чӣ лаҳну оҳанге, ки дар дили халқ бошад, ҳамаи ин мусиқиро мо дар суруди Ҷӯрабек мебинем. Агар барои дили худ покизагӣ ва тароват мехоҳед, таронаҳои ӯро гӯш кунед.

Барои ҳамин мо суруди Ҷӯрабекро гӯш мекунем.
Ва умедворем, боз 70 соли дигар Ҷӯрабекро бинему шунавем.

Худойбердӣ Халлӣ, нависандаи туркман

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG