Далер Шарифов, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, барои гирифтани 800 сомонӣ кумакпулии иҷтимоӣ, ки ба маҳбусони собиқ пешбинӣ шудааст, 475 сомонӣ харҷ кард.
Як марди тоҷик додраси собиқеро, ки нисбат ба духтари ноболиғаш амалҳои бадахлоқона анҷом дода буд, баъд аз ҳудудан як соли талошу муборизаҳо барои дастёбӣ ба адолат, то зиндон бурд ва ҳоло ба зиндагии маъмулӣ баргаштааст.
Уктамҷон Турсунов, падари Парвина Турсунова, як духтаре, ки 13 сол пеш дар нимсолаи дуюми соли таҳсил донишҷӯ шуд, мегӯяд, инсонҳо барои ҳаққи худ бояд талош кунанд ва набояд ба беадолатӣ тан диҳанд.
Ҳошимҷон Сафаров, сокини ноҳияи Зафаробод, дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамагӣ нӯҳ рӯз хонд. Ӯ бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш моҳи августи соли 2018 дар бемористон ҷон дод.
Саида Рустамова, устоди собиқадори мусиқиро дар Тоҷикистон бо як фармони "нодир" аз ҷойи кори пешинааш ронданд. Ба ӯ гуфтанд, ки Паёми солонаи президентро ба порлумон гӯш накардааст ва ба ин далел ҳаққи дар Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова кор карданро надорад.
Фарида Шарифоваи 30-сола ва модари се фарзанд ҳангоми таваллуди тифли чаҳорумаш дар зоишгоҳи ноҳияи Файзобод фавтид. Ӯро соати ҳафтуними субҳи 16-уми июли соли 2020 ба таваллудхона бурданд ва пас аз тақрибан якуним соат хабари маргашро шуниданд.
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон аз баҳори имсол то ба ҳол борҳо гуфтаанд, ки ба қадри кофӣ ДНС доранд, аммо беморон ва наздиконашон ҳамвора аз камбуди дастгоҳҳо дар баъзе аз шифохонаҳо шикоят мекунанд. Ҳақ ба ҷониби кист?
Даҳҳо тан аз муҳоҷирони кории тоҷикро бинобар доштани билетҳои тақаллубӣ иҷоза надоданд, ки тариқи ҳавопаймои хатсайри Санкт-Петербург-Душанбе парвоз кунанд. Ин муҳоҷирон мегӯянд, ки аз ширкате бо номи "СомонТрейд" билет харидорӣ кардаанд.