Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Пас аз дигаргунӣ дар Афғонистон шеваи овардану бурдани бор тавассути ин кишвар (аз) ба Тоҷикистон тағйир ёфтааст. Гуруҳи тундрави "Толибон" як моҳ пеш назорат бар аксар минтақаҳо ва марзу гузаргоҳҳои Афғонистонро ба даст гирифт.
Омадани Толибону пандемия сабаби кам шудани кори ронандагони мошинҳои боркаш дар Тоҷикистон шуд. Онҳо мегӯянд, даромади хонаводаҳояшон низ каму зиндагӣ сахт шудааст.
Додситонии шаҳри Турсунзода нисбат ба як зан бо иттиҳоми ба худкушӣ расондани арӯси хонавода парванда кушодааст. Мақомот мегӯянд, Хуршеда Холмуродоваи 25-сола сирко хӯрда, "худкушӣ кард". Модараш бовар дорад, ӯро дар хонаи хушдоман "куштаанд", тарафи дигар инкор мекунад.
Додситонии шаҳри Турсунзода нисбат ба як зан бо иттиҳоми ба худкушӣ расондани келинаш парванда боз намудааст. Мақомот мегӯянд, Хуршедаи 25-сола сирко хӯрда, худкушӣ кардааст. Модараш мегӯяд, духтарашро дар хонаи хушдоман куштаанд.
Нархи роҳкиро аз Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои дигари Тоҷикистон гарон шудааст. Агар дар гузашта арзиши сафар аз пойтахт ба Кӯлоб 40-50 сомонӣ буд, ҳоло 60-70 сомонист.
Баҳси як ҷавони тоҷик бо ширкати "Ёқут-2000"-ум, ки далели маҷрӯҳ шуданашро дар бетаваҷҷӯҳии раҳбарияти ширкат медонад, додгоҳӣ шуд.
Занони фаъол дар Кобул рӯзи 3-уми сентябр барои ҳимоя аз ҳақашон эътироз карданд.
Намояндагони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва ЮНИСЕФ аз кишварҳо хостаанд, ки ҳама чораҳои зарурӣ, аз ҷумла эм кардани муаллимонро биандешанд, то бо вуҷуди паҳншавии навъи "делта"-и коронавирус дари мактабҳо кушода бимонанд.
Пешниҳоди тарҳи қонуни афв ба порлумон бисёриҳоро ба озодии наздиконашон аз зиндонҳои Тоҷикистон умедвор кардааст. Аммо пайвандони онҳое, ки бо ангезаҳои сиёсӣ паси панҷара нишастаанд, танҳо ба эҳтимоли кам шудани муҳлати ҳабси онҳо чашмдоранд.
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши китоб баргузор шуд, аммо баъзе аз муаллифонро норозӣ гузошт. Онҳо мегӯянд, бо вуҷуди поин будани нархи китобҳо, муштарии зиёде наёфтанд. Чанде аз хонандагон арзон будани китобҳоро тасдиқ карда, ҳамзамон ба ҷолиб набудани муҳтавои онҳо ишора намуданд. Тафсилот дар видео.
Хабари афзоиши парвози мунтазами ҳавопаймоҳо миёни Душанбе ва Маскав умеди баъзе аз сокинонро ба харидани билети нисбатан арзон бештар кардааст.
Эълони арзиши хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон, ки 25 ҳазору 200 сомонӣ (муодили беш аз 2 ҳазор доллар) муайян шудааст, вокунишҳои гуногунро ба вуҷуд овард.
143 низомии Афғонистон шаби 15-уми август тавассути чархболу ҳавопаймо аз ин кишвар фирор карда, дар фурудгоҳи шаҳри Бохтари Тоҷикистон поин омадаанд.
Мавзӯи Афғонистон ва бахусус ояндаи ин давлати ҳамсояи Тоҷикистон, ки бо ҳам 1400 километр сарҳад доранд, барои сокинони кишвар бефарқ нест.
Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев, корманди милисае, ки моҳи феврали имсол аз тири силоҳ дар бинои пулиси ноҳияи Панҷ ҷон бохт, аз болои ҳукми додгоҳи ин ноҳия ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдаанд.
Назокат Ашӯрова, ороишгаре бо собиқаи 8-солаи корӣ дар як кошонаи ҳусне дар шаҳри Душанбе кор мекунад.
Тоҷирон иддао доранд, ки ин кор ба зарари онҳо ва хонаводаашон аст. Намояндагони "Тоҷ Меъмор" бовар доранд, корашон тибқи нақшаи куллӣ ва қарори шаҳрдори Душанбе пеш меравад. Дар бораи моликони ширкати сохтмонӣ феълан иттилое дар даст нест.
Ба суратҳисобе, ки Вазорати молияи Тоҷикистон барои кумак ба осебдидагони муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон боз карда буд, "пул ворид нашудааст".
Ёфтҳои бештар