Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Сайфулло Сафаров, раиси Анҷумани сиёсатшиносон дар бораи сабабҳои ҷанги Русия дар Украина ва оқибатҳои он пурсид.
Артиши Тоҷикистон 29 сол пеш бар пояи чанд гурӯҳи “Фронти халқӣ”, як ҷониби даргири ҷанги шаҳрвандӣ, таъсис шуда, ҳоло, ба гуфтаи мақомот, тавоно шудааст. Аммо соҳибназарон аз камбуди буҷети артиш ва нақзи ҳуқуқи сарбозон изҳори назар мекунанд.
Дар Рӯзи ҷаҳонии арҷгузорӣ ба забони модарӣ дар Тоҷикистон ба забонҳое таваҷҷуҳ мекунанд, ки сокинони кишвар онҳоро забони модарии худ медонанд. Соҳибназарон мегӯянд бе донистани забони модарӣ омӯхтан ва корбурди забони расмии кишвар душвор аст.
Дар як соли охир дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ тақрибан ду баробар боло рафтааст. Мақомот мегӯянд, ин вазъ сабаби афзоиши нархи маҳсулот ва хидматрасонӣ шуд. Сокинон шикоят доранд, ки маошу нафақа барои харидани маҳсулот кофӣ нест. Масъулони бозорҳо мегӯянд, дар фикри поин оврадани нарх ҳастанд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз омодагӣ барои сохтани роҳи Хоҷаи Аъло-Ворух хабар дод. Кумисюнҳои таъину нишонагузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон соли 2021 ба тавофуқ расида буданд, ки роҳи Хоҷаи Аъло-Ворухро якҷоя месозанд. Бо гузашти даҳ моҳ аз имзои санад, то ҳол сохтмони роҳ оғоз нашудааст.
Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила, дар як соли охир дар Тоҷикистон "хушунати хонаводагӣ бештар шудааст". Аммо омори Вазорати корҳои дохилӣ, баръакс, аз камтар шудани он мегӯяд. Омори духела рӯзи 14-уми феврал дар нишасти матбуотии раиси Кумитаи кор бо занон садо дод.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, барои паноҳҷӯёни эҳтимолӣ аз Афғонистон дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ урдугоҳи вижа месозанд. Рустам Назарзода бунёди чанд паноҳгоҳи дигарро дар гӯшаҳои кишвар тасдиқ кард, аммо гуфт, барои шахсонест, ки аз офати табиӣ зиён дидаанд, на фирориён.
Исломуддин Маҳмудов, падари се кӯдаки маълул дар шаҳри Турсунзода, мехоҳад, онҳоро табобат кунад, аммо ба гуфтаи худаш, ба танҳоӣ зӯраш намерасад. Эмомуддини 14-сола, Бибиоишаи 9-сола ва Бибисорои 4-сола аз фалаҷи модарзодии майнаи сар ранҷ мекашанд. Онҳо дуруст роҳ рафта ва гап зада наметавонанд.
Пайвандони Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер "Абдураҳмон09", рӯзи 7-уми феврал бо фиристода нома ба Дастгоҳи иҷроияи президент, Додситонии кул ва Омбудсмен хостаанд, макони нигоҳдории ӯро ошкор кунанд.
Як гузориши Радиои Озодӣ дар моҳи декабри соли 2021 зиндагии занеро, ки дар хонаи иҷора мезист ва барои рӯзгузаронии худу кӯдаконаш коғаз ва зарфҳои пластикӣ ҷамъ меовард, тағйир дод. Саломат Раҷабова, сокини 34-солаи Душанбе, ҳоло соҳиби хонаи сеҳуҷраӣ шудааст. Мегӯяд, ба ӯ хайрхоҳон ёрӣ доданд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки рӯзи 25-уми январ 18 мавриди нави сирояти бемории COVID-19-ро сабт карданд, аммо нагуфтанд, ки ин навъи Омикрон аст ё дигар. Искандари Фирӯз дар ин бора бо Ноҳида Ҳамроалиева, мудири бахши ёрии таъҷилии Бемористони Ибни Сино дар Душанбе суҳбат кард.
Хонаи чеҳраҳои саршиноси адаб ва ҳунар дар маркази Душанбе вайрон карда мешавад. Дар ин бора ва дар посух ба шикояти онҳо шаҳрдории Душанбе гуфтааст, ин қарор ниҳоист ва иҷрои он шуруъ шудааст.
Вайрон кардани хонаи чеҳраҳои саршиноси адаб ва ҳунар дар маркази Душанбе оғоз меёбад. Бо вуҷуди шикояти сокинон ба раҳбарони Тоҷикистон, шаҳрдории Душанбе тасмим гирифт, бинои адибон вайрон карда шавад.
Бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шудани як афсари милиса хешовандони Меҳроҷиддин Гадозодаи 31-сола, сокини шаҳри Ваҳдатро озурдаву нигарон кардааст. Ин ҷавон ва падари се фарзанд ҳашт моҳ пеш, баъди боздошт шудан аз сӯи маъмурони милиса, дар ҳолати ғайриоддӣ ҳалок шуд.
Гурӯҳе аз муштариёни ширкати хусусии "Муҳаммад-2009"-ро шеваи кори ин ширкат нигарон намудааст.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба сару садоҳо дар мавриди интиқоли ҳудуди 800 ҳазор доллар ба ҳисоби бонкии ин сафорат вокуниш кард. Масъулини Толибон иддао карданд, ки дар рӯзҳои ахири ҳукумати пешин, 786 ҳазор доллар "саҳван" ба ҳисоби бонкии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон интиқол ёфтааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр дар паёми солонаи худ ба порлумон аз дастовардҳои 30 соли ахир тавсиф кард ва гуфт, маоши кормандони буҷавӣ боло бурда мешавад.
Вокуниши як идда сокинони Душанбе ба паёми солонаи Президенти Тоҷикистон.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муҳокимаи гумонбарон ба қатли Алиризо Худоёров, як ҷавони 21-сола аз минтақаи Рашт оғоз кард.
Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи куштори Алиризо Худоёровро оғоз намуд
Ёфтҳои бештар