Аз моҳи октябри соли 2015 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори Оҷонси иттилоотии "TojNews" ва нашрияи "ИмрӯзNews" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо ислоҳ ва илова ба Кодекси ҷиноӣ ҷазо барои озори ҷинсии кӯдакону ноболиғонро сахттар карданд.
Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ, ду рӯзноманигори тоҷик аз сӯи мақомот боздошт шудаанд. Алайҳи Далери Имомалӣ бо иттиҳомҳои "фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ" ва "дидаву дониста додани хабари бардурӯғ оиди содир шудани ҷиноят" парванда боз шудааст.
Боздошти Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ, ду рӯзноманигори тоҷик вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.
Нарзулло Тӯраеви 77-сола аз Бойсун иддао дорад, ки солҳои 90-ум манзили зисташро дар маҳаллаи Заҳматободи пойтахти Тоҷикистон шахсе бо номи Исломиддин Насриддинов ба “зӯрӣ” гирифтааст. Ҷониби дигар мегӯяд, хона аз онҳост, Нарзулло Тӯраев танҳо як муддат онҷо иҷора менишаст.
Рӯзи охирини моҳи май дар ҷаҳон рӯзи бидуни тамоку аст. Дар Тоҷикистон чанд сол боз бо қабули қонуну иқдомҳои нав талош доранд, ки теъдоди тамокукашҳоро кам кунанд ё маҳалли тамокукаширо маҳдуд намоянд. Вале баъзе аз сокинон мегӯянд, ин “муборизаҳо” баъзан натиҷаи баръакс доштаанд.
Дар ҳоле ки мақомот сабаби якбораи нармишро дар муносибати Душанбеву Теҳрон шарҳ намедиҳанд, нозирони вазъ фарзияҳои худро доранд.
Дар ду соли охир наздик ба 15 ҳазор муаллим дар Тоҷикистон касби худро гузошта, ё ба муҳоҷират ратфтаанд ё аз паси кори дигар. Сокинон ин оморро ташвишовар медонанд. Масъулони Вазорати маориф мегӯянд, ҳоло дар кишвар ҳамагӣ ба каме бештар аз ҳазор муаллим ниёз доранд.
Фурқат Абдуфаттоев ва Диловар Ҷӯраев, сокинони шаҳри Исфара, гуфтанд, ҳарчанд қариб як сол боз дар озодӣ ҳастанд, мақомоти Русия ба онҳо иҷозаи бозгашт ба Тоҷикистонро намедиҳанд. Ду додгоҳ дар Русия қарор баровардаанд, ки Абдуфаттоев ва Ҷӯраев ҳаққи тарки ҷойи зистро надоранд.
Намояндагони Хадамоти зиддимонополӣ дар Тоҷикистон дар се моҳи аввали имсол даҳҳо тоҷирро ба гуноҳи ба гуфтаашон “беасос боло бурдани нархи маҳсулот” зиёда аз ду миллион сомонӣ ҷарима бастаанд.
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт, дар се моҳи аввали имсол тоҷиронро барои, ба қавли онҳо, беасос боло бурдани нархи маҳсулот бештар аз 2 миллион сомонӣ ҷарима бастанд. Сокинон мегӯянд, ҷарима роҳи ҳал нест ва беҳтар мебуд, мақомот чораҳои дигари поин овардани нархҳоро биандешанд.
Дар Тоҷикистон боло рафтани нархи маҳсулот, ки аксари онҳоро аз хориҷа меоранд, гапи нав нест. Ҳоло бисёриҳо аз эҳтимоли камёфт шудани маҳсулоту набудани захираи кофӣ метарсанд.
Саҳнаи Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии Душанбе солҳои 70-80-уми асри гузашта ҷилвагоҳи ҳунари Малика Собирова буд. Ҳунарманде, ки номи Тоҷикистонро дар таърихи балети ҷаҳонӣ сабт намуд.
Имсол ҳунарманде, ки исми Тоҷикистонро дар таърихи балети ҷаҳонӣ шӯҳратёр кард, агар умр вафо мекард, 80-сола мешуд. Малика Собирова дар 39-солагӣ бар асари саратон даргузашт. Ногуфтаҳоро дар бораи ҳунару марги ситораи балети тоҷик аз забони наздиктарин азизонаш дар ин видео бубинед.
Меҳмон Бахтӣ, шоиру драмнавис ва раиси собиқи Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистонро, ки давраи кораш ситоишу танқидҳоеро дар пай дошт, дар оромгоҳи “Лучоб” дафн карданд. Ӯ рӯзи 19-уми май бар асари бемории дил даргузашт. 81 сол дошт.
Ҳамасола 12-уми май ҳамчун рӯзи ҷаҳонии ҳамшираҳои тиб ё парасторон гиромӣ дошта мешавад. Тоҷикистон ин санаро дар ҳоле таҷлил мекунад, ки солҳои ахир хиҷрати кормандони соҳаи беҳдоштӣ бештар мешавад ва кишвар дар маҷмӯъ ба ҳазорҳо пизишку парастор ниёз дорад.
Ҳамасола 12-уми май ҳамчун рӯзи ҷаҳонии ҳамшираҳои тиб ё парасторон гиромӣ дошта мешавад. Тоҷикистон ин санаро дар ҳоле таҷлил мекунад, ки солҳои ахир хиҷрати кормандони соҳаи беҳдоштӣ бештар мешавад ва ин кишвар дар маҷмӯъ ба ҳазорҳо пизишк ва корманди миёнаи тиб ниёз дорад.
Сафири Амрико дар Душанбе мегӯяд, кишвараш дар бахши таъмини амният барои Тоҷикистон 60 миллион доллари дигар кӯмак мекунад.
Сафири Амрико дар Душанбе мегӯяд, кишвараш дар бахши таъмини амният,барои Тоҷикистон 60 миллион доллари дигар кӯмак мекунад. Дар доираи ин кӯмакҳо Тоҷикистон барои назорати марз бо Афғонистон дронҳои Puma ва дигар намуд таҷҳизот дарёфт мекунад.
Ҳавошиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, то 16-уми май дар кишвар боронҳои пуршиддат пешбинӣ мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз омадани сел ҳушдор дод.
Дар Тоҷикистон, ки солҳо боз барои надоштани расонаҳои озоду мустақил ва саркӯби мунтақидон накӯҳиш мешавад, рӯзи ҷаҳонии озодии матбуотро ду рӯз дер таҷлил карданд.
Ёфтҳои бештар