Аз соли 2015 то соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе фаъолият дошт. Аз моҳи сентябри соли 2019 хабарнигор дар вилояти Суғд аст. Хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд. Дар гузашта хабарнигори телевизиони "Суғд" ва "Ҷаҳоноро" буд.
Рифат Алӣ Кёксал, сафири Туркия дар Тоҷикистон дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо “Радиои Озодӣ” дар мавриди ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон дар заминаи сармоягузорӣ, маориф ва мактабҳои Фатҳулло Гюлен дар Тоҷикистон гуфт.
Мақомоти шаҳрдории Душанбе гуфтанд, ки чиҳил автобуси нави тамғаи “ИСУЗУ”-ро бо харҷи 3,4 миллион евро аз Туркия ворид кардаанд ва ин мусофиркашонҳо 15 апрели имсол, яъне дар Рӯзи пойтахт, мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Мақомоти интизомӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз тамбашавӣ дар роҳҳои шаҳри Душанбе таксиҳои маъруф ба “се сомонӣ”-ро аз ҳаракат дар кӯчаҳои марказӣ боз дошта, дар ҷаримагоҳҳо нигаҳ медоранд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳаракати таксиҳои маъруф ба «се сомонӣ»-ро дар ҳудуди пойтахт манъ карда, баъзе аз ин таксиҳоро боздошт ва ба ҷаримагоҳ бурдаанд.
Сокинони нисбатан калонсоли Душанбе ба як пурсиши сарироҳии хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи онки Наврӯз дар замони Шӯравии собиқ чӣ гуна таҷлил мешуд, посух гуфтанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар як рӯзи боронии баҳор ба меҳмонии хонаводае дар рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор рафтанд, аз ғизоҳои хушмаззаи наврӯзӣ чашиданд ва бо расму русуми мардуми ин деҳа дар аёми Наврӯз ошно шуданд. Шумо ҳам ба ин меҳмонӣ даъват ҳастед.
Валерий Аҳадов – коргардони маъруфи Тоҷикистону Русия – дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи Душанбеи имрӯз, масъалаҳои муҳоҷират ва коргардонҳои ҷавони тоҷик изҳори назар кард.
Дар Тоҷикистон қимати нерӯи барқ барои бархе аз муштариёни ширкати “Барқи тоҷик” боло бурда шуд. Дар ин робита қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон содир шудааст.
Манижаи Давлат (Манижа Давлатова), овозхони маъруф, ки баъд аз тақрибан 11 соли хомӯшӣ охири соли гузашта дубора аз худ ва оҳангҳои наваш дарак дод, барои "саҳми арзанда дар рушди фарҳанги тоҷик" барандаи ҷоизаи Tamoshow Music Awards – 2017 шуд.
Аз субҳи рӯзи 9 март раванди тахриби бинои шаҳрдорӣ ва вазорати кишоварзӣ оғоз ёфтааст. Сохтмони нимдавраи сеошёнаи шаҳрдорӣ, ки наздики 70 сол қароргоҳи тасмимҳои муҳими пойтахти шаҳри Душанбе ва замоне маҳалли кори қаҳрамонҳои миллӣ - Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур буд, тахриб мешавад.
Фаъолони ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон мегӯянд, пас аз 4 соли қабули қонун оид ба ҷилавгирии хушунат дар оила, ҳанӯз ҳам аксари қурбониҳо беҳимоят мемонанд. Сокинони дар ин робита чӣ назар доранд?
Фаъолони ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон мегӯянд, пас аз 4 соли қабули қонун оид ба ҷилавгирии хушунат дар оила, ҳанӯз ҳам аксари қурбониҳо беҳимоят мемонанд.
Гуфтугӯи ихтисосии хабарнигорони Радиои Озодӣ бо Фарида Мансурова, доктори илмҳои тиб ва духтари Ҳомид Мансуров – раҳбари пешини Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология дар бораи вазъи кунунии соҳаи тиб дар Тоҷикистон.
Тоҷикистон ҳар сол 8 март аз “Рӯзи Модар” таҷлил мекунад. Мақомоти кишвар дар ин рӯз асосан ба ҳаққи баробари занону мардон барои кор, таҳсил ва зиндагӣ таъкид мекунанд. Хабарнигорони Озодӣ аз чанде роҳгузарони Душанбе пурсиданд, ки оё баробарҳуқуқии мардону занон дар амал риоя мешавад, ё не?
Корвони кӯмакҳои башардӯстонаи Узбакистон субҳи 7 март тариқи гузаргоҳи "Дӯстӣ" дар марзи Турсунзода бо Деҳнав, вориди Тоҷикистон шуд. Чаҳор "Камаз"-и иборат аз 60 тонна хӯрокворӣ, маводи сохтмонӣ ва сӯзишворӣ барои сокинони аз офати табии зарардидаи Тоҷикистон фиристода шудаанд.
Шоҳқосим Шоҳисломов – сафири Узбакистон дар Тоҷикистон – изҳори умед кард, ки ба зудӣ низоми раводид ё виза барои сокинони минтақаҳои наздимарзии ду кишвар бардошта хоҳад шуд.
Шоҳқосим Шоҳисломов – сафири Узбакистон дар Тоҷикистон – изҳори умед кард, ки ба зудӣ низоми раводид ё виза барои сокинони минтақаҳои наздимарзии ду кишвар бардошта хоҳад шуд. Ӯ рӯзи 7 март дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ин масъала феълан дар дасти баррасии коршиносон аст.
Ёфтҳои бештар