Аз соли 2015 то соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе фаъолият дошт. Аз моҳи сентябри соли 2019 хабарнигор дар вилояти Суғд аст. Хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд. Дар гузашта хабарнигори телевизиони "Суғд" ва "Ҷаҳоноро" буд.
Агар умр вафо мекард, имрӯз Тоҳири Абдуҷаббор, бунёдгузори ҷунбиши мардумии "Растохез", ки бо номи меъмори истиқлоли Тоҷикистон маъруф аст, ба синни 75 мерасид. Ӯ дувоздаҳ сол пеш бар асари беморӣ даргузашт.
Бештар аз 4 сол аст, ки дар мақомоти додгоҳӣ баҳси ба кӣ тааллуқ доштани ду хона дар шаҳри Хуҷанд хотима намеёбад. Истиқоматкунандагони ин хонаҳо мегӯянд, чанд даҳсола пеш пули онро ба соҳибонм пешинааш доданд, вале ба сабаби нобасомониҳои рӯзгор натавонистаанд, ба номи худ сабт кунанд.
Оҳангарон дар Истаравшан мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон ба хотири рушди ҳунарҳои халқӣ 3 сол пеш косибонро аз пардохти андоз озод кард, аммо онҳо аз ин имтиёз бенасиб монанд.
Як шоиру ҳуқуқдони тоҷик азоби садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки барои ёфтани рӯзии худу хонавода дар Русия кор мекунанд, дар китоби "Рози муҳоҷир" ба тасвир кашидааст.
Шаҳбол Мирзоев, як сарбози тоҷик, ки ба сабаби бадрафторӣ дар артиш бемори бистарӣ шуд, шаби 1-уми феврал даргузаштааст. Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқи тоҷик, ки дар ҳимоят аз ҳуқуқи Шаҳбол дар додгоҳҳо саҳм доштааст, имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, Шаҳбол дар шифохонае дар шаҳри Хуҷанд даргузашт.
Як гуруҳ аз соҳибкорон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шикоят карданд, ки молики Маркази савдои "Суғдиён" бар хилофи шартнома аз онҳо пул талаб мекунад. Ҷониби дигари баҳс мегӯяд, гап дар бораи ободу зебо кардани бозор меравад.
Гуруҳе аз соҳибкорони Маркази тиҷоратии “Суғдиён” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шикоят мекунанд, ки соҳиби бозор бар хилофи шартнома аз онҳо пул талаб мекунад. Молики маркази тиҷоратӣ мегӯяд, сухан аз маблағҳое меравад, ки барои хароҷот ва ободонии бозор бояд пардохт шавад.
Дар моҳҳои охир номи чанде аз ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон дар робита ба коҳиши сайёҳӣ ва ҳатто боз шудани парвандаҳои ҷиноӣ ёд мешаванд ва беш аз ҳама номи Қалъаи Муғ дар шимоли кишвар сари забонҳост.
Тоҷирони бозори марказии шаҳри Истаравшан аз гарон шудани қимати иҷораи дӯкону растаҳо шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, бозор ягона ҷойи кор ва сарчашмаи даромади онҳост, вале дар се моҳи охир моликони бозор ду дафъа қарордодро иваз кардаанд. Раиси бозор гуфт, дар ин ҷо ҳеч қонуншикание нест.
Тоҷирони бозори марказии Истаравшанро боло бурдани қимати иҷораи дӯконҳояшон озурда кардааст. Фарзон Муҳаммадӣ оқибатҳои боло бурдани қимати иҷора аз дӯкондорон ва сабабҳои ин қарорро аз раиси бозори марказии Истаравшан пурсид.
Дар маркази вилояти Суғд охирин намояндаи ҷамъияти яҳудиёни Хуҷандро дафн карданд. Тақрибан 150 сол пеш яҳудиён аз Бухорову Самарқанд ба Хуҷанд ва минтақаҳои атрофи он омада буданд, аммо баъзе аз онҳо дар поёни даврони Шӯравӣ ба Исроил ва кишварҳои дигар кӯчиданд.
Чанде аз хабаргузориҳои Чин дар авоили моҳи январ дигарбора дар мавзӯи заминҳои баҳсии Тоҷикистону Чин мақолаҳои нав ба нашр расонданд. Дар ду ҳафтаи ахир дастикам чаҳор матлаб дар ин мавзӯъ бо забони чинӣ расонаӣ шуд.
Як зану шавҳари бознишаста дар маркази шаҳри Хуҷанд қуттии ба қавли худашон "сеҳрнок" гузоштаанд ва ҳар рӯз барои гурӯҳе аз ниёзмандон нони бепул медиҳанд.
Гуруҳе аз сокинони деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз насби мавҷпарокани ширкати “Тселл” дар маҳалли зисташон изҳори нигаронӣ доранд.
Ҳавои сард ва ҷорӣ шудани “лимит” ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ нуқтаҳои фурӯши ангиштро дар шимоли Тоҷикистон якбора серодам кардааст.
Таҷлил аз таваллуди Исоҳи Масеҳ дар Тоҷикистон имсол дар муқоиса бо солҳои қаблӣ камодам ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор шуд.
Ёфтҳои бештар