Аз соли 2015 то соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе фаъолият дошт. Аз моҳи сентябри соли 2019 хабарнигор дар вилояти Суғд аст. Хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд. Дар гузашта хабарнигори телевизиони "Суғд" ва "Ҷаҳоноро" буд.
Ҳукми Ҷамшед Ҷумъазода охири тобистони имсол эълон шуда, нусхаи он чанде пеш дастраси Радиои Озодӣ гардид. Модари ҷавон ба раҳоӣ ва ё ҳадди ақал муолиҷаи писараш даъват дорад. Мақомот шиканҷа шудани ӯро рад мекунанд.
Баъди он ки, ба иддаои сокинони деҳаи Сомониёни Исфара, як омӯзгори 59-сола аз тарафи баъзе аз бошандагони деҳаи Куктоши Қирғизистон латукӯб шудааст, хонандагону муаллимон ба мактаб нарафтаанд.
Сокинони Исфара гуфтанд, ки як омӯзгори 59-сола аз деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ дар наздикии марз бо Қирғизистон рабуда ва латукӯб шудааст ва ҳоло дар бемористон бистарист.
Чанде аз сокинони як деҳа дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 30-юми ноябр аз ҳузури зиёди низомиёни Қирғизистон дар атрофи хонаҳояшон ибрози нигаронӣ карданд. Ин деҳа бо ҷамоати Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз аст.
Сайрам Исоева, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, барои нақш офаридан ба камияш дар ду филми узбекӣ қарордод бастааст. Ӯ мегӯяд, созишҳои нав баъди гирифтани ҷоизаи "Дурдонаҳои Шоҳроҳи Абрешим" дар моҳи сентябри имсол дар Узбекистон ба даст омад. Ин ҷоиза бист ҳазор доллар арзиш дорад
Пас аз як ҳафтаи нашри хабар дар расонаи узбекии Kun.uz дар бораи мавридҳои тамаъҷӯӣ дар марз бо кишварҳои ҳамсояи Узбекистон, табибе, ки ҳамчун тамаъкор аз гузаргоҳи Фотеҳободи Тоҷикистон нишон дода шуда буд, розӣ шуд асли воқеаро ба Радиои Озодӣ шарҳ диҳад.
Додгоҳи вилояти Суғд пас аз нашри мақола дар сомонаи Радиои Озодӣ, ҳукми Абдукамол Аҳадов, маъюби гуруҳи якумро як сол кам кард.
Дар мактаби хусусии “Оксфорд”-и шаҳри Хуҷанд дар як интихобот барои ин мактаб аз ҳисоби хонандагон президент интихоб карданд.
Пас аз 10 соли саргардониҳо Салим Абдул Кимбунбунӣ, як шаҳрванди африқоитабори кишвари Танзания иҷозатномаи бозгашт ба ватанро дарёфт кард.
Маъмурони гумрук рӯзи 10-уми октябри имсол дар қаламрави ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров худрави “Мерседес Спринтер”-ро, ки биринҷ мебурд, бо гумони қочоқӣ будани бораш боздошт карданд.
Донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Қирғизистон иддао доранд, ки бо вуҷуди талошҳои зиёд наметавонанд вориди Қирғизистон шаванд.
Донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Қирғизистон иддао доранд, ки бо вуҷуди талошҳои зиёд наметавонанд вориди Қирғизистон шаванд
Ҳамасола 30-юми октябрро дар Руссия ба унвони Рӯзи хотираи қурбониёни саркӯби даврони Шӯравӣ ҷашн мегиранд. Аз солҳои 1920 то 1950 миллионҳо шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ “душмани халқ” эълон шуда, дар натиҷа зиндонӣ, кушта ва ба урдугоҳҳо фиристода шуданд.
Пайвандони як ҷавони маъюб иддао доранд, ки фарзандашон "бегуноҳ зиндонӣ шудааст" ва дар маҳбаси шаҳри Хуҷанд "азият мекашаду ба кумак ниёз дорад". Абдукамол Аҳадовро моҳи июли имсол бо гуноҳи узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯи "Салафия" ба панҷ сол ҳабс маҳкум карданд.
Пайвандони Абдукамол Аҳадов иддао доранд, ки ин ҷавони 30-солаи маъюбро барои қабули як оши хайрия аз ҷониби дӯстонаш боздошт ва зиндонӣ кардаанд. Ӯро чаҳор моҳ пеш бо гуноҳи узвият дар гуруҳи "Салафия" ба панҷ соли зиндон маҳкум намуданд.
Ҷаҳиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дигарбора сокинонро ба ташвиш овардааст. Агар рӯзи 18-уми октябр як литр сӯзишвории дизелӣ 10 сомонӣ буд, 29-уми октябр ба 11 сомониву 20 дирам расид. Бензини серистифодаи навъи 92 дар ин муддат аз 11 сомонӣ то 11 сомониву 50 дирам гарон шуд.
Як зани соҳибкор аз вилояти Суғд даъво дорад, ки чанд маъмури идораи гумрук баъди ҳабси маҳсулоташ худи ӯро латту кӯб кардаанд.
Ёфтҳои бештар