Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.
Қонуни баҳсбарангези «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 10-сола шуд. Намояндагони давлат аз ин қонун, ки соли 2011 қабул шуд ҳимоят мекунанд ва онро мутобиқ ба замона ва босамар мехонанд.
Дар Тоҷикистон ҳаққи фурӯши билетҳои парвози мунтазам аз Душанбе ба Маскавро ба ширкати "Агентии алоқаи ҳавоӣ" додаанд. Бар асоси санадҳое, ки Радиои Озодӣ дастрас кард, ин ширкат ба як духтар ва домоди раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, тааллуқ дорад.
Қарор аст, то ду ҳафта баъд дар шаҳри Истанбул нишасте барои хатми ҷанг ва расидан ба сулҳ дар Афғонистон баргузор шавад. Аммо ҳазорон километр дуртар аз ин шаҳри Туркия дар Вилояти Бадахшони ҳамсоя бо Тоҷикистон хабаре аз сулҳ нест.
Бархилофи хабари расонаҳои ахбори оми Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми март ба вилояти Хатлон сафар накард.
Раҳмондӯсти Қурбониён, яке аз ҳунарпешаҳои шинохта ва ҳаҷвнигори тоҷик рӯзи 5-уми март даргузашт. Хешовандонаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Раҳмондӯсти Қурбониён, ки аз саратони рӯда ранҷ мекашид, дар Шифохонаи рақами 5 дар Душанбе, ки бо номи “Медгородок” маъруф аст, вафот кардааст.
Бино ба гузоришҳо, шаби 24-уми феврал дар як ноҳияи Афғонистон, ки дар рӯ ба рӯи деҳаи Рӯзвайи Дарвози Тоҷикистон ҷойгир аст, даргирии сахте байни ҷангҷӯёни Толиб ва неруҳои тарафдори ҳукумат ба вуқуъ пайвастааст.
Занони бевамондаи қазоқ аз зиндагии даҳшатбори худ дар қаламравҳои гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” нақл карданд.
Ду хабарнигори телевизиони моҳвораии Belsat, ки барои Беларус барномаҳо таҳия мекунад, барои пӯшиши зиндаи хабарии эътирозҳои Минск дар моҳи ноябр ҳар кадоме ба ду солӣ зиндон маҳкум шуданд.
Муҳокимаи дуввуми Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, ки ба барангехтани балвои маргбор дар назди бинои Конгресс муттаҳам мешуд, рӯзи 13-уми феврал бо “бегуноҳ” эълон шудани ӯ анҷомид.
Султонҷон Султонов, сардори шуъбаи кофтукоби ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзобро, ки дар садамаи шаби 11‑уми феврал гумонбар дониста мешавад, дастгир кардаанд.
Акбар Холиқзода, судя ё додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба гирифтани "пора" муттаҳам аст, нопадид гашта ва таҳти пайгард ё кофтукоб қарор гирифтааст.
Гуруҳе аз нашъамандон дар шаҳри Фараҳи Афғонистон мегӯянд, ки маъмурони пулис онҳоро ғайриқонунӣ кор мефармоянд ва бар илова мезананду бадрафторӣ мекунанд.
Дар Русия аз моҳи январ қароре ба иҷро даромад, ки қоидаҳои гирифтани ҳаққи иқоматро барои хориҷиён аз ҷумла муҳоҷирони кории тоҷик осон мекунад. То куҷо дуруст иҷро шудани он ҳанӯз маълум нест.
Ҳукумати Тоҷикистон ширкатеро, ки ба сохтмони бинои меҳмонхонаи "Исмоилӣ Сомонӣ" дар шаҳри Душанбе машғул аст, дар соли 2021 аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод кард.
Идораи рӯҳонии мусалмонҳои Русия бо содир кардани фатвое никоҳи мусалмонро бо занони пайрави динҳои дигар номумкин номид.
Ҷустуҷӯҳои Радиои Озодӣ нишон дод, ки аз чопи китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров барои тақсим кардан ба ҳар оила дар Тоҷикистон "Нашриёти муосир" 136 миллион сомонӣ (зиёда аз 13,5 миллион доллар) даромад кард, ки қаблан ба ширкати "Фароз" тааллуқ дошт.
Ёфтҳои бештар