Садҳо корманди пулис барои назорати тартибот дар рӯзи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон сафарбар шудаанд. Ҳазорон донишҷӯи дигар дар гушаҳои мухталифи кишвар барои ширкат дар барномаҳои ҷашнӣ тамрин мекунанд.
Дар Ингушистони Русия қоидаҳое таҳия шудаанд, ки ҷавононро аз хандидан, ҳуштак кашидан дар маконҳои серодам манъ карда, занонро вазифадор мекунад, ки бо либоси тангу тунук аз хона берун нашаванд ва худро аз мардҳои бегона дур гиранд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, додгоҳҳо дар Русия парвандаи ихроҷи муҳоҷиронро танҳо ба номаш баррасӣ мекунанд. Дар асл, ба гуфтаи онҳо, ҳукми ихроҷ бе ҳузури муҳоҷирон содир мегардад. Танҳо соли гузашта ба ҳамин шева 130 ҳазор нафарро аз қаламрави Русия берун кардаанд.
Партовгоҳи канори шаҳри Душанбе бузургтарин партовгоҳ дар Тоҷикистон аст. Чиҳил сол аст, ки ҳар рӯз ба инҷо ҳазорон тонна партов меоранд. Ба гуфтаи кормандон, агар зарфҳои пластикии инҷоро дубора коркард кунанд, барои эҳтиёҷи даҳсолаи кишвар кофист, вале касе ба ин кор ҷиддӣ машғул намешавад.
Чанде аз сокинони шаҳри Андиҷони Узбекистон гуфтан, ҳангоми сафари президент ба онҳо хонаҳои нав доданд, вале баъдан хостанд, ки ҷойро холӣ кунанд.
Гардиши ҷиддӣ дар зиндагии Георгий Маргвелашвили, собиқ президенти Гурҷистон
Пажӯҳишгари амрикоӣ Эдвард Лемон масъалаи амният, терроризм ва дину муҳоҷират дар Осиёи Марказиро таҳқиқ мекунад.
Чандҳамсарӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ҷиноят аст. Аммо ба ин нигоҳ накарда, бисёрзанӣ «маъмул мешавад».
Барномаи ТВ «Настоящее время» дар бораи вазъи риққатбори ҷонварони хиёбонӣ дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ қисса мекунад
Чанд муттаҳам дар ташкили таркишҳои пурхушунати метрои шаҳри Санкт-Петербург дар соли 2017 мақомоти тафтишотии Русияро дар шиканҷа айбдор карданд. Дар таркиши метрои Санкт-Петербург, ки 3 апрели соли 2017 рух дод, 15 нафар кушта ва 67 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
То баргузории интихоботи президентӣ дар Украина як ҳафтаи дигар мондааст. Баъди интихобот таваҷҷӯҳ натанҳо ба шахси аввал, балки ба ҳамсари ӯ низ бештар мегардад.
Нурулло Ашӯров, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, як моҳ пеш ба ҳомиёни ҳуқуқ шикоят кард, ки маъмурони милиса писарашро дар боздошт шиканҷа додаанд.
Муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз солҳои 20-уми асри гузашта реша мегирад.
Дар додгоҳ кӯдак нақл кард, ки модараш ӯро чигуна азият мекард: гӯшашро бо амбӯр бурида, дандонашро бо болға шикаста буд. Мутахассисон маълум кардаанд, ки Иванова аз бераҳмии шадид духтарашро ҳамеша ба як ҷояш мезад, ва ҷои дард сиҳҳат нашуда, боз ҷароҳат мебардошт.
Мурофиаи додгоҳии яке аз шаш гумонбари омодагӣ ба ташкили ҳамлаи террористӣ дар Шветсия 7 январ шурӯъ мешавад.
Хабарнигори бахши Узбекии Радиои Озодӣ Сироҷиддин Толибов, ки қазияи ба терроризм муттаҳам шудани зодагони Осиёи Марказӣ дар Шветсияро пайгирӣ мекунад, ҷузъиёти боздошти ахирро шарҳ дод.
Ягона каниса ё ибодатгоҳи яҳудиён дар Тоҷикистон ҳамеша омодаи қабули намозгузорон аст, вале шаш сол боз дар онҷо маросими доимии динӣ баргузор намешавад. Дар саросари Тоҷикистон каме беш аз 50 узви ҷомеаи яҳудиён боқӣ мондаанд ва аксари онҳо калонсол ҳастанд.
Ягона каниса ё ибодатгоҳи яҳудиён дар Тоҷикистон ҳамеша омодаи қабули намозгузорон аст, вале шаш сол боз дар онҷо маросими доимии динӣ баргузор намешавад.
Ёфтҳои бештар