Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Се ҷавон аз ноҳияи Фархор орзуи кӯдакии худро амалӣ ва кӯчаи назди манзилҳои падариашонро чароғон карданд. Баъди 20 соли торикии мутлақ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Фархор, се ҷавон аз ҳисоби даромадашон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия дар зодгоҳи худ чароғ насб карданд.
Дар Тоҷикистон ҳам намунаҳои сармоягузории соҳибкорони муҳоҷир ба тарҳҳои иҷтимоии зодгоҳашон мушоҳида мешавад. Онҳо бештар барои барқарории роҳу пулҳо, сохтмони мактабу чойхона, ташкили хатнасури кӯдакони ятими маҳал ва сохтмони масҷидҳо пул медиҳанд.
Ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба соҳибони 16 фурӯшгоҳи назди Терминали мусофиркашонӣ, воқеъ дар маркази шаҳр, мӯҳлат додааст, ки мағозаҳоро холӣ ва биноро чаппа кунанд. Шаҳрдории Кӯлоб сабаби ин тасмимро "риоя нашудани қоидаҳои сохтмон" ва "ҷавобгӯ набудани бино ба талаботи меъморӣ" номиданд.
Хонаводаи Одинашоҳ Қурбонови 86-сола дар як деҳаи кӯҳистонии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи собиқ) насл ба насл ойини зардуштиро ҳифз кардааст. Одинашоҳ Қурбонов рӯзи 22 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мардуми маҳалла ба касбу ақидаи ин хонавода эҳтиром доранд.
Маросими повез як навъ расмест, ки дар дигар ҷойҳо дида намешавад ва ба занони як рустои Мӯъминобод кӯмак мекунад, дасти ҳамдигар бигиранд ва барои моҳҳои баъдӣ зиндагиашонро дуруст кунанд.
Ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба соҳибони 16 фурӯшгоҳи назди Терминали мусофиркашонӣ, воқеъ дар маркази шаҳр, мӯҳлат додааст, ки то се рӯзи дигар мағозаҳоро холӣ ва биноро чаппа кунанд. Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб сабаби ин тасмимро "риоя нашудани қоидаҳои сохтмон" ва "ҷавобгӯ набудани бино ба талаботи меъморӣ" номиданд.
Антонина Ястребова, аз охирин кӯҳнасарбозони Ҷанги Дувуми Ҷаҳон дар шаҳри Кӯлоб, дар 101-солагӣ даргузашт. Маҳтоббӣ Баротова, ягона духтархонди ин зани рус, рӯзи 8 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “Ястребова шаби 7 ҷон дод”.
Дар Кӯлоб, яке аз шаҳрҳои бузургтарини Тоҷикистон, барои аввалин бор аз замони фурӯпошии Шӯравӣ як тоҷир дӯкони гулфурӯшӣ боз кардааст.
Як ҷуфти афғон тифли навзоди худро, ки тариқи ҷарроҳӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) бо кумаки пизишкони тоҷик ба дунё омадааст, Эмомалӣ ном гузоштаанд.
Панҷ узви як хонавода аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аз Эрон ба Тоҷикистон истирдод шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин хонавода моҳе пеш ҳангоми талоши убури марз аз Зоҳидони Эрон ба Афғонистон боздошт шудааст.
Хонандагони мактаби №30–и деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор дар орзуи мактаби наву замонавӣ ҳастанд. Дар пайи барфу боронҳои ахир саҳни ин мактаб ба як кӯли воқеӣ мубаддал шуда, об ҳатто зери фарши синфхонаҳоро пур кардааст.
Шамс Зарифов ва Ҷӯрахон Кабиров, ду марди бознишаста аз минтақаи Кӯлобро бештар бо аризаҳои шикоятиашон мешиносанд. Онҳо дар як сол фақат ба идораи зиддифасоди Кӯлоб то сад нома фиристодаанд.
Ду сокини Кӯлобро дар зодгоҳашон мақомот дӯст намедоранд, чун ба гуфтаи онҳо номабоз ҳастанд ва ҳамеша шикоят мекунанд. Шамс Зарифов ва Ҷурахон Кабиров, ду пирамарди бознишаста айбномаро рад мекунанд.
Як хонаводаи тоҷик, ки дар сардиҳои зимистон бо кӯдаконаш дар кулбаи "оҳанӣ" ба сар мебурд, баъди гузориши Радиои Озодӣ кӯмакҳои молӣ дарёфт карда, ба худ хона сохтааст. Идораи ҷангали ноҳияи Фархор барои Худойқул Урозов дар мавзеи Кокул қитъаи заминеро ҷудо кард, то ин хонавода битавонад хона созад.
Додгоҳи минтақаи Кӯлоб як ҷавони 24-соларо барои зинда ба "гӯр" кардани модараш ба 25 соли зиндон маҳкум кард.
Ҳукумати Ховалинг баъд аз ҳодисаи "саркафонӣ"-и 8 зоир вуруд ба оромгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар ин ноҳияро манъ кардааст.
Мақомоти интизомии вилояти Хатлон соли гузашта даҳ падару модарро барои издивоҷи бармаҳали духтаронашон ба додгоҳ кашидаанд. Онҳо гуфтанд, ки дар муқоиса ба соли 2015 дар соли гузашта шаш ҳодиса бештар издивоҷи барвақтӣ мушоҳида шуд.
Ёфтҳои бештар