Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Даъвати баҳории ҷавонони аз 18 то 27-солаи Тоҷикистон ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи кишвар шуруъ шуд. Мақомот дар ҳоле маъракаро оғоз бахшиданд, ки ҷаҳон бо бемории ҳамагири КОВИД-19 даст ба гиребон аст.
Аҳмадҷон Нуралиҷонзода ҳашт моҳ дошт, ки ба бемории сил гирифтор шуд. Ҳоло ӯ дусола аст ва намедонад, ки дар ҳаштмоҳагӣ чӣ бемориеро пушти сар кардааст.
Беш аз 180 шаҳрванди Тоҷикистон шаби гузашта тавассути парвози махсуси ширкати "Сомон Эйр", аз Маскав ба Кӯлоб расиданд.
Бо фаъол шудани корхонаи “Саман” дар шаҳри Кӯлоб ва атрофи он қимати тухми мурғ поин рафт. Сӣ дона тухми ин корхона 21 сомонӣ қимат дорад. Қаблан як қуттӣ тухми мурғро дар инҷо 27 сомонӣ мефурӯхтанд.
Даҳҳо ронанда дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 3-уми март ба нишони эътироз аз тағйир додани самти ҳаракати мусофирбарҳояшон корпартоӣ карданд. Мақомоти шаҳр амр додаанд, ки мусофиркашонии микроавтобусҳои хатсайрҳои № 2 ва № 3, ки қаблан аз назди бозори марказии Кӯлоб мегузаштанд, дигар аз ин роҳ наоянд.
Даҳҳо ронанда дар шаҳри Кӯлоб ба нишони эътироз даст ба корпаротоӣ заданд. Ин ронандаҳо, ки дар маркази шаҳр ба мусофиркашӣ машғуланд аз як қарори мақомот норозиянд. Мақомоти шаҳр амр додаанд, ки мусофиркашони хатсайрҳои 2 ва 3 аз назди бозори марказӣ нагузаранд ва аз дигар самти ҳаракат кунанд.
То интихоботи порлумонии Тоҷикистон ду рӯзи дигар мондааст. Баъзе аз сокинони ноҳияи Восеъ дар Хатлон мегӯянд, ки сардаргуманд. Ба қавли онҳо, дар интихоботҳои пешина номзадҳо барои вохӯрӣ ва шиносоӣ бо мардум меомаданд, аммо ин дафъа на номзадеро дидаанд ва на барномаи пешазинтихоботияшро.
Як ҳавопаймоеро, ки чанд сол пеш дар Тоҷикистон мусодира карданд, дар Кӯлоб фурӯхтанд. Намояндагони ширкат мегуфтанд, ки мусодира ба сабаби рақобати носолим ва фишор ба онҳо буд.
Идораи коммуналии Кӯлоб баъди гузоришҳо доир ба лабрез шудани партовҳо поккориро оғоз карданд, аммо сокинон мегӯянд, ин як вонамуд кардани кор дар назди раҳбарон аст.
Модари як сарбоз иддао дорад, ки писарашро дар артиш гирифтори бемории равонӣ карданд. Афсарон мегӯянд, дуруст нест. Табибон муолиҷаву ташхиси Иброҳими 23-сола аз ноҳияи Айниро идома медиҳанд.
Гуруҳе аз истиқоматкунандагони ошёнаи дуюми як бино дар Фархор мегӯянд, ҳавлиро ҳамсояҳо аз ошёнаи аввал ғасб кардаанд. Ин мушкил ҷанҷоли ҳамсоягонро ба миён овардааст. Сокинони табақаи дуввум даъво доранд, ки ҳавлӣ барои истифодаи умум аст ва касе ҳақ надорад онро шахсӣ кунад.
Баъди гузориши Радиои Озодӣ дар бораи Саодат Хоҷаева, сокини маълули ноҳияи Восеъ мақомоти расмӣ ба кумаки ӯ шитофтанд, аммо мисли ӯ садҳо нафари дигар аз имтиёзҳои муносиб маҳруманд ва дар вазъи баде зиндагӣ мекунанд.
Ёфтҳои бештар