Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Дучархасаворӣ дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон ҳанӯз кори писарона дониста мешавад, вале духтарони як деҳа дар Фархор қолабҳои мавҷудро шикаста, бо дучарха ба мактаб мераванд.
Марямбӣ Назриева, сокини шаҳри Кӯлоб, то ҳашт моҳ пеш дар хонаи вайрона мезист. Баъд аз гузориши Радиои Озодӣ дар моҳи декабри соли гузашта, мақомот ба ӯ хона сохта доданд.
Соҳибкори хайрхоҳе чоҳе канда ва ҳудуди 500 хонаводаро дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб бо об таъмин кардааст. Соҳибкори савобҷӯ нахостааст, нома ифшо шавад, аммо сокинони деҳи Баҳористон, ки зиёд аз беобӣ танқисӣ мекашиданд, аз ӯ сипосгузоранд.
Садҳо дарахти мевадиҳанда дар “Боғи милӣ”-и ноҳияи Фархор, ки мақомот онро дар Хатлон камназир меномиданд, пас аз сӯхтор дар тобистони имсол рӯ ба хушкӣ овардааст.
Дар ноҳияи Фархор 10 сол пеш дар як боғе садҳо ниҳол кишт карданду як ду сол себ гирифтанд ва ба ҳар тарафи Тоҷикистон бурданду фурӯхтанд. Ҳоло ба ин боғ биравед, гиряатон меояд. Чаро? Худатон бубинед.
Як сокини шаҳри Кӯлоб, ки бо нияти соҳибкорӣ аз бонк қарз гирифта буд, ҳам тиҷораташро аз даст дод ва ҳам мумкин аст бе сарпаноҳ монад. Таҷрибаи Абдуназар Шарипов ягона нест ва то кунун даҳҳо оила ба мисли ӯ бинобар саривақт пардохт накардани қарзи бонк аз манзилҳояшон маҳрум шудаанд.
Дар Тоҷикистон ба рӯйхатгирии аҳолӣ рӯзи 15-уми октябр ба поён расид, ки маълум мекунад, чанд дар сади сокинон шаҳрнишин шудаанд. Бар асоси нуфусшумории даҳ сол пеш 70 дар сади аҳолӣ дар деҳа зиндагӣ мекарданд. Зиндагии деҳа барои як зан чӣ гуна аст?
Дар Тоҷикистон ба руйхатгирии аҳолӣ рӯзи 15-уми октябр ба поён расид, ки маълум мекунад, чанд дар сади аҳолӣ шаҳринишин шудаанд. Бар асоси нуфусшумории 10 соли пеш 70 дар сади аҳолӣ дар деҳа зиндагӣ мекарданд. Зиндагии деҳа барои як зан чӣ гуна аст? Дар ин видеои зебо бубинед.
Шаҳри Кӯлоб рӯзи интихобот камодам ба назар мерасид. Дар як маркази раъйдиҳӣ навбати дароз буд. Киҳо буданд? Дар инҷо бубинед
Дар Кӯлоб барои раъй додани сокинон дар чанд гӯшаи шаҳр нуқтаҳои овоздиҳӣ ташкил кардаанд. Мақомот мегӯянд, мардуми зиёд ба пойи сандуқҳои раъй омадаанд, вале бархе аз шоҳидон аз кам будани сокинон ва вуҷуди тақаллуб дар баъзе аз нуқтҳои раъйдиҳӣ хабар доданд.
Ҷӯрахон Кабиров, сокини 69-солаи шаҳри Кӯлоб, ки ҳамчун фаъоли ҷамъиятӣ аз камбудҳои шаҳр доим ба мақомот муроҷиат мекунад, дар арафаи интихобот аввал тасмим дошт, ба ин маъракаи сиёсӣ намеравад. Мегӯяд, ноадолатиҳои иҷтимоӣ ӯро водор кард, ки тасмимашро дигар кунад.
Беморӣ ва мушкилиҳои рӯзгор қомати Маҳбуба Ғаниева, сокини шаҳри Кӯлобро хам ва чеҳраашро пурожанг кард, вале талошҳои ӯро барои зиндагӣ кам нанамуд.
Сокинони дастикам чаҳор маҳалла дар маркази ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон шикоят доранд, ки солҳост ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва касе ба мушкили онҳо расидагӣ намекунад. Мақомот мегӯянд, соли гузашта бо мадади соҳибкорону шахсони алоҳида хатти об кашиданд ва мушкил аз байн рафтааст.
Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи “Пайк” дар ҷануи Тоҷикистон китоби тозаи худро дар бораи давлатсозии шоҳ Куруши Кабир ва баъзе паҳлуҳои зиндагии ӯ бо маликаи Устурушан (Истаравшани ҳозира) Касандона рӯи чоп овард.
Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи “Пайк” дар ҷануби Тоҷикистон китоби тозаи худро дар бораи давлатсозии шоҳ Куруши Кабир ва баъзе паҳлуҳои зиндагии ӯ бо маликаи Устурушан (Истаравшани ҳозира) Касандона рӯи чоп овард.
Маъмурони иҷрои қарори додгоҳ ё судиҷрочиён як занро бо панҷ фарзандаш дар ноҳияи Восеъ аз манзили зисте, ки солҳо зиндагӣ мекард, берун карданд ва ба дари ин хона қуфл заданд.
Ёфтҳои бештар