Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Зиндагии Саида Раҷабова, сокини ноҳияи Шаҳринав, баъди он ранги дигар гирифт, ки кори маъмулии говдӯширо ба ҳунари панирсозӣ табдил дод.
Мақомоти ноҳияи Ҳисор тасмими ахири хешро ҷиҳати лағви қарори қаблан содиршудаи ҷудо кардани қитъаи замин ба беш аз 700 нафарро шарҳ дод.
Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Точикистон рӯзи 11-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар робита ба додугирифти тиҷорӣ миёни Точикистону Узбакистон гуфт, савдо миёни ду кишвар дар ҳамаи самтҳо густариш меёбад.
Мақомоти шаҳри Ҳисор дар як иқдоми бесобиқа қарори қаблан содиршудаи тақсими қитъаи замин ба беш аз 700 сокини ниёзманди ин ноҳияро бекор карданд. Соҳибони қитъаҳо, ки баъди солҳо интизорӣ тобистони имсол тавонистанд дар ҳудуди деҳаи Боғистон соҳиби як порча замин шаванд, дубора ноумед шуданд.
Ба даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2016, ки аз тарафи Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиш интихоб шудаанд, ҷоизаҳо супурда шуд.
Нилуфар Ортиқоваи 27-сола, ки баъди як ҳафтаи ҷустуҷӯҳо дар Душанбе пайдо шуд, таҳти муроқибати пизишкон қарор гирифтааст. Аммо наздиконаш гуфтанд, феълан ӯ дар хона нигаҳдорӣ мешавад ва табибон дар онҷо ба ӯ доруву дармон мекунанд.
Дар ҳоле, ки 15 нафар боздошт шудаву таҳқиқи пешакии куштори фоҷеабори ду ҷавон дар шаби 2 ба 3 январ дар Душанбе идома дорад, фарзияи пешакии тафтишот ин аст, ки бархӯрди ҷавонон “як қассосгирӣ” буд.
Дар Тоҷикистон аз соли нав ҳаҷми ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ боло рафтааст.
Шоираи Раҳимҷон, таронасаро ва оҳангсози тоҷик, ки тоза аз Амрико баргашт, дар як сӯҳбати ихтиссосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти тоҷикони муқими Амрико, фарҳанги амрикоиҳо ва ҳам аз ҳаёти муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар қисса кард.
Дар Тоҷикистон ҳаҷми ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ боло рафтааст. Ҳаҷми ҷарима ва ё пардохтҳои давлатӣ тибқи "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" шумурда мешавад ва ҳаҷми ин нишондиҳанда аз соли нав аз 40 сомонии қаблӣ то ба 50 сомонӣ боло бурда шуд.
Сафаралӣ Назиров, муҳандиси ҷавони тоҷик, ки муддате дар бунёди нерӯгоҳи Роғун саҳм дошт, ҳамакнун навори бастани маҷрои дарёи Вахшро аз сӯи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон такрор ба такрор тамошо мекунад.
Шоираи Раҳимҷон – адибу рӯзноманигори тоҷик – гуфт, ки моҳи ноябри имсол дар ҷараёни сафараш ба Амрико ба ҷустуҷӯи Гугуш, овозхони маъруф, то Лос-Анҷелес рафт.
Дилшод Назаров, гурзандози маъруф, бо дарёфти медали тиллои Бозиҳои олимпии Рио де-Жанейро яке аз чеҳраҳои намоёни соли 2016 дар Тоҷикистон буд. Ӯ рӯзи 31 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ин медали тиллои олимпӣ ба шӯҳрати ӯ афзуд, вале, ба қавли мардум, «аз худ бехуд накардааст».
Дар шабу рӯзи Соли нав, тиҷорати Бобоҳои барфӣ дар маркази Душанбе гарм аст. Онҳое, ки дар ин рӯзҳо нақши Бобои барфиро иҷро мекунанд, мегӯянд, даромади асосиро аз аксбардорӣ бо кудакон ба даст меоранд
Овозхони ҷавони тоҷик, ки маҳорати хуби мақомхонӣ дорад, мегӯяд, сафар ба Амрико ва ҳунарнамоӣ дар онҷо барояш бисёр хотирмон буд. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад, мардуми Тоҷикистон рӯзҳои хуби хотирмон зиёд дошта бошанд.
Меҳрнигори Рустам, овозхони тоҷик, соли 2016 бо нашри таронаҳои нав шӯҳрати бештар ба даст овард. Ӯ бо Радиои Озодӣ дар бораи соли гузашта ва нақшаҳояш дар соли 2017 сӯҳбат кард.
Продюссери шинохтаи тоҷик Беҳрӯз Зеваров, мегӯяд, соли 2016 барояш соли хубе буд ва умедвор аст, соли 2017 барои тамоми мардуми Тоҷикистон соли хуб бошад. Табрики солинавии ӯро бубинед.
Дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, ба даври интихобии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе омодагӣ мебинад.
Ҷӯрабек Назрӣ, олим ва ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон, 70-солагиашро таҷлил кард. Солҳои 70 ва 80-уми асри гузашта ӯ аз маъруфтарин овозхонҳо дониста мешуд, ки бо шеваи хоси овозхонӣ ба ҳунари тоҷик ворид шуд.
Писарбачае, ки рӯзи дароз дар дасти гаравгонгирҳо буд ва дар як амалиёти полиси Турсунзода сиҳату саломат озод шуд, ҷузъиёти ҳодисаҳои рӯзи 6 декабрро нақл кард.
Ёфтҳои бештар