Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Гурӯҳи 17-нафарии муҳоҷирони тоҷикро, ки қаблан дар истгоҳи Оқсарой, дар марзи Русияву Қазоқистон, боздошт шуда буданд, шоми 22-юми ноябр ба ватан оварданд.
Гурӯҳи 17-нафарии муҳоҷирони кории тоҷикро, ки қаблан дар истгоҳи Оқсарой, дар марзи Русияву Қазоқистон, боздошт шуда буданд, шоми 22-юми ноябр ба ватан оварданд.
Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи “Вечерка” мегӯяд, умедвор аст, пурсиши нашрия дар робита бо мизони қаноатмандии мардум аз кори полис дар Душанбе барои ислоҳи кори сохторҳои ҳифзи қонун мусоидат мекунад
Неруҳои СПАД дар марз бо Афғонистон тавони худро дар муқовимат бо гурӯҳҳои тундгаро санҷиданд
Набимуҳаммад Хоркашев, паҳлавони маъруфи тоҷик, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сочии Русия бори панҷум медали нуқраро ба даст овард, ба Душанбе баргашт.
Худкушии як донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамдарсҳо ва устодонашро ҳайратзада кардааст. Онҳо гуфтанд, ки бо гузашти панҷ рӯз маълум нест, чаро Зоҳирамоҳ Холбоева, узви дастаи ҳаваскорони факулта, қасд ба ҷони худ кард. Мақомот мегӯянд, ки ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шаби 14 ноябр ба базмгоҳе монанд буд. Садои карнаю сурнай, парчаму овезаҳои зиёд бо акси паҳлавонони тоҷик Саймумин Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода саҳни Фурудгоҳро пур карда буд.
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шаби 14-уми ноябр ба базмгоҳе монанд буд. Садои карнаю сурнай, парчаму овезаҳои зиёд бо акси паҳлавонони тоҷик Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода саҳни фурудгоҳро пур карда буд.
Модари Беҳрӯз Хоҷазода, қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо, ду рӯз боз аз шабакаҳои варзишӣ чашм намеканад ва такрор ба такрор лаҳзаҳои сахти расидани ҷигарбандаш ба мартабаи қаҳрамонии ҷаҳонро дар Сочи тамошо мекунад. Кореро, ки писари Мавҷигул Хоҷаева кард, дар 42 соли охир касе аз гуштигирони Тоҷикистон накардааст.
Мавҷигул Хоҷаева, модари хонашини Беҳрӯз, мегӯяд, тоза дарк мекунад, ки ин пирӯзӣ чӣ маъно доштааст. Ӯ пушти экрани телевизион баробари писараш ашк рехтааст. Ҳам ашки шодӣ ва ҳам ашки эҳсоси дарди дасти писар, ки ним дақиқа зери фишори сахти рақиб ва дарди тоқатфарсо қарор дошт.
Нодиртарин автомобил дар ин ҷо “Бюк сентури”-и истеҳсоли Амрико мебошад. Ин мошин соли 1937 истеҳсол шудааст.
Шоира Гулрухсор дар бораи шеъри замон, тарзи баён ва озодиҳои эҷодӣ гуфт
Аз 31-уми октябр то 8-уми ноябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» бо ширкати дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Бангладеш, Молдив, Тоҷикистон, Шри-Ланка ва Узбакистон баргузор мешавад.
Намоиши яке аз пурбаҳстарин филмҳои ҳунарии нави русӣ дар Тоҷикистон шурӯъ шуд. Ин филм дар Русия мақомот ва калисои православиро муқобили аҳли эҷод гузошт.
Ҳудуди 30 дарсади беш аз ду ҳазор гирандагони қарзҳои барномаи “CLIMADAPT” ё тарҳи мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим дар Тоҷикистон, ки аз сӯи Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд сармоягузорӣ мешавад, занҳои рустоӣ будаанд.
Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҷикистон ба таври расмӣ боздошти раҳбарони ширкати "Умед-88"-ро шарҳ дод. Раҳбарони ин ширкат дар пайи интиқоди раиси ҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон боздошт шуданд, ки гуфт, ин ширкат даҳҳо миллион сомонӣ маблағҳои будҷаро, бозпас надодааст.
Фатҳуддин Сайдалиев, донишҷӯи соли аввали Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, чанд рӯз боз дар беморхона бистарист. Ӯ дар пайи поксозии шаҳри Кӯлоб аз сагҳои дайду ҷароҳат бардошт
Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҷикистон ба таври расмӣ боздошти раҳбарони ширкати "Умед-88"-ро шарҳ дод.
Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Мирослав Ниёзов гуфт, даҳҳо шаҳрванди ин кишвар, ки дар Душанбе кору зиндагӣ мекунанд, рӯзи 15-уми октябр дар қитъаи раъйдиҳӣ дар бинои сафорат ҳозир шуда, ба тарафдорӣ аз номзади мавриди назарашон раъй доданд.
Ёфтҳои бештар