Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Ҷасади Саъдӣ Холмуродов, полковники бознишастаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва дар гузашта аз муовинони генерал Сӯҳроб Қосимов, баъд аз ҳудуди 25 рӯз, аз дарёи Вахш пайдо шудааст.
Барзу Абдураззоқов – коргардони маъруфи тоҷик – пас аз фаъолияти сесола дар театри “Жаc Саҳна”-и шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ ҳадди ақал шаш соли охир дар Қирғизистону Қазоқистон зиндагӣ ва кор кардааст.
Ишқи Сафар ва гул се сол пеш аз тамошои гулфурӯшиҳои канори бозори "Саховат" шурӯъ шуд.
Сафар Шамсиев 15 сол дорад ва аллакай як гулпарвари ботаҷриба аст. Дар ду соли гулпарвариаш 200 навъи бунафшаҳои хонагиро парвариш ва зиёд кардааст.
Қурби рубли русӣ, ки муҳоҷирони тоҷик ҳосили заҳматҳои худро асосан бо ин асъор ба Тоҷикистон мефиристанд, дар баробари сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Бархе аз моликони корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон аз манъ шудани ҳамагуна тафтиш ва дахолат ба кори онҳо дар ду соли оянда оҳи сабук кашидаанд. Вале мегӯянд, ки бояд ҳукумат ҷараёни татбиқи дастури раиси ҷумҳурро ҷиддӣ назорат кунад, то гап дигару амал дигар нашавад.
Тоҷикистон дар қатори нӯҳ кишваре қарор гирифт, ки сатҳи андозбандияшон сангин гуфта мешавад.
Ду соҳибкоре, ки бо харҷи миллионҳо сомонӣ дар ноҳияи Рӯдaкӣ мактаб сохтаанд, мегӯянд, бунёди мактабҳо аз ҳисоби маблағҳои худии онҳо анҷом ёфтааст.
Додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) овозхон Қадами Қурбонро бо ҷурми нақзи қонуни танзими анъана 3 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 300 доллари амрикоӣ, ҷарима кард.
Нурулло Наимов, раҳбари барканоршудаи тарҳи "Манзили дастрас" ба иттиҳоми "қаллобӣ" боздошт шудааст.
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ризоият дод, ки тақрибан 8 ҳазор гектар замини ноҳияи Рӯдакӣ ба қаламрави пойтахт ворид карда шавад. Ин заминҳо аз ҳудуди ҷамоатҳои Чоряккорон, Чортеппа, Сарикиштӣ, Чимтеппа, Навобод, Гулистон ва “Россия” мебошанд.
Фурӯши реферат ва ё корҳои мустақили эҷодӣ дар мағозаю марказҳои китобфурӯшӣ ва бархе марказҳои интернетии шаҳри Душанбе ба як бозори гарм табдил ёфтааст.
Дар пайи мақомоти корҳои дохилӣ ва шаҳрдории Душанбе, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба муроҷиати шаҳрвандон расидагӣ мекунанд, Оҷонсии “Тоҷикстандарт” низ бо истифода аз паёмрасонҳо назорати сифати маҳсулотро дар кишвар пурзӯр намуданист.
Додситонии ҳарбии вилояти Бадахшон ба таҳқиқи марги Муносиб Олимбеков, афсари 21-солаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон оғоз кардааст.
Ҷасади 5 узви як хонаводаро, ки дар садамаи нақлиётӣ дар Русия ҷон доданд, нисфирӯзии 8 декабр дар Файзобод ба хок супурданд.
Ҳасан Азимов, собиқ мудири корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ, баъди чаҳор соли раҳоӣ аз зиндон, дубора дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.