Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
“Royal falcon security” - як ширкати арабӣ аз Тоҷикистон дархост кардааст, ки корҷӯёни тоҷикро барои кор дар Имороти Муттаҳидаи Араб фиристад.
Як хабарнигори Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба Додситонии кулли кишвар шикоят бурдааст, ки ҳини фаъолияти касбияш аз ҷониби сармуҳандиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, "сахт" таҳқир шудааст.
Гурӯҳе аз модарони маҳбусони гумонбар дар ташкили ошӯби маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ ва Юсуф Раҳмон, Додситонии кулли кишвар номаи додхоҳӣ навишта, хостори баррасии одилонаи қазияи фарзандонашон шудаанд.
Як шаҳрванди Амрико, ки писараш тобистони соли гузашта дар ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон кушта шуд, мехоҳад, аз мақомоти ҷуброни зарари маънавӣ талаб кунад.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ Илҳом Ёқубов, як афсари Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро, ки дар пайи садама бо ширкати ӯ ду сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷон бохтанд, барои ҳафт сол равонаи зиндон кард.
Бибизаҳро баъзан барои набераҳояш афсона мехонад. Гоҳе Ҳингилдевро ба ёд меорад, гоҳе бузаки ҷингилапо ва кали зиракро. Ин сокини вилояти Суғд мегӯяд, дар кӯлбори хотирааш бештар аз ин афсона надорад ва бисёр вақт набераҳояш ё рӯ ба телефон меоранд ё ба телевизион.
Як зани тоҷик дар Русия мегӯяд, мақомоти пулиси он кишвар на танҳо гумонбари латту кӯби ӯро дастгир накарданд, балки худи ӯро аз он кишвар ронданд.
Тоҷикистон даҳ сол пеш ниҳоди Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсонро таъсис дод. Бисёриҳо умед доштанд, ки ба фарёди худ фарёдрас пайдо карданд ва ба фарқ аз додрасу додситону пулис, Омбудсмен бештар аз мавқеи корафтодаҳо ҳимоят намуда, дарди дили онҳоро ба «боло» хоҳад расонд.
Як сокини ноҳияи Дарвоз, ки ҳангоми сохтмони Масҷиди бузургтарини Душанбе аз баландии 33 метр афтода, маҷруҳ шуда буд, даргузаштааст. Қурбоншо Элчиеви 38-соларо рӯзи 6-уми март дар зодгоҳаш деҳаи Дробак дафн карданд.
Баррасии парвандаи садамаи маргбор бо ширкати афсари Раёсати марзбонии Тоҷикистон аз ҷониби Додситонии ҳарбии шаҳри Хоруғ ба анҷом расида, ба додгоҳ ирсол шудааст.
Дар давоми се соли наздик корхонаи "Сементи тоҷик", ки дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, аз фаъолият монда ба ҷои он дар як маҳаллаи наздик ба он корхонаи нави сементбарорӣ фаъол хоҳад шуд.
Тӯрахон Нурматов тақрибан ду моҳ асири қочоқбарони афғон буд ва аввали ҳафта озод шуд.
Мансур Наврӯзов, сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, барои қатли лейтенант Муносиб Олимбеков даҳ сол зиндонӣ шуд. Ҳукмро Додгоҳи ҳарбии вилояти Бадахшон рӯзи 25-уми феврал содир кард.
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон шахсоне, ки шиносномаи намунаи соли 2014-ро надоранд, симкортҳои худро аз нав ба қайд мегиранд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо имзои ин қарор аз рӯзи 9-уми феврал, тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ дар кишварро тағйир дод.
Қарори нави ҳукумат дар бораи сабти дигарбораи симкортҳо дар Тоҷикистон вокунишҳои гуногун ва аксаран манфиро ба бор овард. Санадро рӯзи 9-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имзо кардааст.
Маркази исломшиносии Тоҷикистон мегӯяд, аксари маводҳое, ки аз ҷониби мақомотҳои судию тафтишотӣ бо гумони тарғиботи андешаҳои террористию экстремистӣ барои ташхис ба онҳо ирсол мегардад, тасдиқи худро намеёбанд.
Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Ҳасан Азимов, молики корхонаи парандапарварии ин ноҳияро ба иттиҳоми қаллобӣ ва фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин гунаҳкор дониста, барои 15 сол равонаи зиндон намуд.
Ёфтҳои бештар