Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон кори худро дар самти таъмини иҷрои қарорҳои додгоҳӣ босмар арзёбӣ мекунад.
Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз рафтори ҳамтоёни русаш дар мавриди посух надодан ба номаи ин ниҳод изҳори таассуф намуд.
Хонаводаи Ҳоҷимурод Қаландаров, донишҷӯйи тоҷик, ки дар Русия ба қимати ҷони худ ҳаёти кӯдакеро аз ғарқшавӣ наҷот дод, мегӯянд, ҳамеша бо рафтори фарзанди худ ифтихор хоҳанд кард. Саидакбар Қаландаров, падари Ҳоҷимурод, рӯзи 16-уми июн гуфт, амали писараш ҷавонмардона буд.
Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 10-уми июн тарҳи иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро қабул карданд, ки бар асоси он шахсоне, ки боис ба паҳншавии бемории хафвнок мегарданд, аз 2 то 5 сол ва дар сурати такрор ёфтан аз 5 то 10 сол ба ҳабс маҳкум мешаванд.
Баъди беш аз як моҳи эътирофи расмии мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон, ҳукумат ба порлумон санадеро пешниҳод намудааст, ки тибқи он барои надоштани ниқобҳои тиббӣ муҷозот пешбинӣ мешавад.
Гурӯҳе аз кормандони корхонаи "Талко кемикал" дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон шикоят доранд, ки панҷ моҳ инҷониб маош нагирифтаанд ва дар шароити бади иқтисодӣ қарор доранд.
Масъулони Боғи ҳайвоноти Душанбе марги лама, як ҷонвари нодир дар ин боғро рад мекунанд, вале мегӯянд, моҳҳои ахир ҳолати маргу мири ҳайвонот дар ин макон сабт шудааст.
Мақомоти вилояти мухтори куҳистони Бадахшон равуои шаҳрвандон аз ноҳияҳо ба шаҳри Хоруғро маҳдуд кардаанд. Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон рӯзи 26-уми май дар суҳбат ба Радиои Озоди гуфт, чунин тасмим ба хотири пешгири аз сирояти коронавирус гирифта шудааст.
Сирояти коронавирус миёни омӯзгорони тоҷик ва хабари марги чанде аз онҳо бар асари бемории COVID-19 нигарониҳоеро аз шеваи чораҳои пешгирӣ аз ин беморӣ дар донишгоҳҳо, ба миён гузоштааст.
Гурӯҳе аз тоҷирони бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе, ки аз бузургтарин макони тиҷорати либос дар кишвар ба ҳисоб меравад, баъди ду ҳафтаи басташавии ин бозор, мехоҳанд фаъолияти худро расман қатъ кунанд.
Баъзе аз додгоҳҳои Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба хатари сирояти COVID-19 баргузории мурофиаҳоро камтар карда, бахши дигарро ба боздоштгоҳҳои муваққатӣ "кӯчондаанд". Ҷое, ки гумонбарон нигаҳдорӣ мешаванд.
Пизишкони узбекистонӣ, ки барои кумак ба муқобила бо COVID-19 ба Тоҷикистон омадаанд, мегӯянд, бояд дар шабонарӯз дастикам аз 3 то 4 ҳазор нафарро аз ташхиси коронавирус гузаронд.
Бархе аз пизишкон дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон мегӯянд, маводи кофии тиббиву беҳдоштӣ надоранд ва баъзан беморонро бе либоси муҳофизатӣ муоина мекунанд.
Дар пайи нигаронии муштариён аз набуди имкон барои бозпас гардонии қарзҳои бонкӣ, Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ба баъзе қарздороне, ки вазъи молиявии мушкил доранд, имтиёзҳо пешбинӣ мешавад.
Паёмаке, ки ҳафтаи гузашта ба дасти сокинон расид, бисёриҳоро дар мавриди табодули иттилоъ оид ба коронавирус нигарон кардааст. Дар он паёмак гуфта шудааст, мақомот суҳбатҳои телефонии мардумро пурра сабт карда, навиштаҳои корбаронро дар фазои маҷозӣ назорат менамоянд.
Пайвандони Шаҳбоз Раҷабзода, сокини 29-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шикоят доранд, ки ӯро кормандони пулис шиканҷа кардаанд, то гуноҳро ба гардан гирад. Аммо мақомоти умури дохилӣ иддаои онҳоро беасос медонанд ва рад мекунанд.
Аз ин ба баъд дар номгузории миллии Тоҷикистон гузоштани пасвандҳои "ов"-у "вич" ва "ова"-ю "овна" дар насаби сокинон манъ карда мешавад. Намояндагони ақаллиятҳои миллӣ аз ин муқаррароти нав мустасно ҳастанд.
Ёфтҳои бештар