Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Тафтиши иловагӣ шиканҷа шудани Ҳасан Ёдгоровро, ки як замон иттиҳоми кушторро ба гардан гирифта, вале баъд аз ёфтани қотили ҳақиқӣ озод гардида буд, тасдиқ кардааст.
Як ҷавони тоҷик мегӯяд, аз боми бинои 19-ошёнае дар Душанбе, ки сохтмонаш идома дорад, ба рӯйи пойҳояш оҳанпора афтод ва ӯро аз чаҳор ангушту тавони роҳ гаштан маҳрум кард. Ба қавли Сиёвуш Акобиршоеви 25-сола, ҳодиса моҳе пеш дар кӯчаи Бухорои пойтахт рух дод.
Хонаводаи Эраҷи Эмомалӣ, ронандаи 31-солаи таксӣ, ки ба иттилои расмӣ бо беш аз чиҳил зарби корд дар Душанбе кушта шудааст, муҷозоти гумонбарро талаб доранд. Ҳодиса шаби 15-уми феврали имсол рух дода, бисёре аз сокинони пойтахтро нигарон кардааст.
Имсол ҷоизаи ба номи Бӯриннисо Бердиева (сардабири вақти рӯзномаи “Маориф ва маданият” ва қаҳрамони Наврӯз)-ро ба сардабири нашрияи “Вечерка”, Гулнора Амиршоева, доданд.
Як баҳси тулонии ду сокини шаҳри Душанбе барои бозпас гирифтани қарзро на мақомоти додгоҳӣ ва на Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ҳал карда натавонистаанд.
Вакилони порлумон дар Тоҷикистон ба гирифтани 105 миллион доллар қарзи биловаз ё бебозгашт аз Бонки Осиёии Рушд (Asian Development Bank) иҷозат доданд, вале шарти муомиларо нагуфтанд.
Мирзо Катавозай, муовини раиси порлумони Афғонистон, гуфт, дар қочоқи 90 кило тилло ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва кӯшиши бурданаш ба кишвари севум даст надорад.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар баробари занони танфурӯш, барои мардон ҳам ҷазои сахт дар назар гирифта шавад, зеро агар занон аз ҳисоби мардон "муштарӣ" надошта бошанд, чунин амал сурат намегирад.
Икром Субҳонзода, раиси Оҷонсии авиатсияи гражданӣ, мегӯяд, Тоҷикистон барои барқарор кардани парвозҳои мунтазам ба Русия омода аст.
Бунёди бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки ба қавли мақомот бузургу замонавӣ хоҳад буд, ба таъхир афтодааст. Сохтмони онро соли 2018 оғоз карданд ва бояд имсол ба истифода медоданд.
Дар як соли охир вобаста ба тақсиму фурӯши замин дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор мавриди қонуншиканиро сабт кардаанд.
Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон гуфтанд, ки тоҷиронро барои, ба қавли онҳо, беасос боло бурдани қимати маҳсулот 11 миллион сомонӣ ҷарима бастанд.
Намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон дар ҳамлаҳои бабри барфӣ ба чорвои мардум худи сокинонро гунаҳкор донистанд. Дар моҳи октябри соли 2020 бабри барфие дар ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон даҳҳо сар моли сокинонро кушт.
Мақомоти Хадомати алоқаи Тоҷикистон шикоят ва интиқоди муштариён дар бораи заиф шудани суръати интернет дар кишварро бепоя хонданд.
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон нисбати Шоҳрух Салиев, роҳбари собиқи ташкилоти қарзиву амонатии “Имон Интернешнл” дар шаҳри Душанбе бо чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз кардааст.
Табибон рӯзи 29-уми январ панҷгоникеро, ки тақрибан як моҳ пеш дар Душанбе ба дунё омаданд, ба хонаи волидон, ба ноҳияи Қубодиён, фиристоданд.
Ёфтҳои бештар