Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Бо фаромадани тарма як қитъаи роҳи Душанбе-Чаноқ (Хуҷанд), ягона масире, ки маркази Тоҷикистонро бо шимол мепайвандад, баста шудааст. Намояндагони Innovative Road Solutions, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ гуфтанд, барои тоза карданаш аз барф талош доранд.
Як гуруҳ аз занони афғон имсол Рӯзи занро дур аз хона ҷашн мегиранд. Гуруҳи дигаре, ки дар Афғонистон мондаанд, аз бисёр озодиҳои худ маҳрум шуда, рӯзҳои худро кунҷи хона сипарӣ мекунанд.
Имсол Рӯзи занро садҳо зани афғон дур аз хона ҷашн мегиранд, ҳазорҳо нафари дигаре, ки дар Афғонистон мондаанд, аз бисёр озодиҳои худ маҳрум шуда рузҳои дигари худро кунҷи хона сипарӣ мекунанд. Пас аз суқути ҳукумати Кобул бори нахуст занҳои муҳоҷири афғон дар Душанбе Иди модарро ҷашн гирифтанд.
Риоя нашудани навбат дар Тоҷикистон мушкилест, ки бисёриҳо онро дӯст намедоранд. Шояд шумо ҳам дар фурудгоҳу фурӯшгоҳҳо шоҳиди даъвову кашмакаш шудаед ва мехоҳед, бидонед, чаро дар Тоҷикистон навбат кам меистанд. Гузориши Барот Юсуфӣ ва Алишер Зарифиро тамошо кунед.
Ба сабаби таҳримҳо ба зидди Русия, бонкҳои Тоҷикистон фурӯши долларро ба мизоҷон кам кардаанд. Соҳибкороне, ки молу маҳсулотро аз хориҷ меоранд, гуфтанд, дар тиҷораташон мушкил пеш омадааст.
Ҳар рӯз даҳҳо нафар ба Радиои Озодӣ менависанд, ки дар маҳалли зисташон дастрасӣ ба нерӯи барқ маҳдуд шудааст. Мақомоти тоҷик ҳеч эълоне дар бораи лимит ё реҷаи интиқоли нерӯи барқ накардаанд, вале дар як ҳафтаи охир сокинон аз вуҷуди лимит хабар медиҳанд.
Як зани тоҷик, ки шавҳарашро дар ҳодисаи нохуш дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” аз даст додааст, мегӯяд, чанд сол боз наметавонад аз ширкатии эронии “Собир” ҷуброни молӣ бигирад. Ин ширкат дар бахше аз бунёди нерӯгоҳ саҳм дошт.
Як зани тоҷик, ки шавҳарашро дар ҳодисае дар нерӯгоҳи "Роғун" аз даст додааст, мегӯяд, чанд сол боз наметавонад аз ширкате, ки падари фарзандонаш дар он кор мекард, ҷуброни молӣ бигирад.
Намояндагони баъзе аз бонкҳои Тоҷикистон гуфтанд, ки бурида шудани Русия аз низоми байнулмилалии SWIFT ба интиқоли пули муҳоҷирон таъсир нахоҳад дошт, аммо ба кори муассисаҳои молӣ "халал мерасонад". Дар Бонки Миллӣ гуфтанд, ба зудӣ масъаларо шарҳ медиҳанд.
Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон эълом дошт, ки феълан дар кишвар 17 ширкат иҷоза дорад, то омӯзишҳои геологӣ ва иктишофи маъданро анҷом диҳанд. Ба иттилои намояндагони ин ниҳод, аксари онҳое, ки чунин санад гирифтаанд, ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Чин мебошанд.
Ҷумъабой Сангинов, пизишк, муовини пешини раиси Суғд ва вакили собиқи порлумони Тоҷикистон, ки рӯзи 22-юми феврал ба синни 70 расид, баъзе ҷузъиёти зиндагиву кори худ ва музокироти марзӣ бо Қирғизистонро ошкор кард.
Намояндагони Маркази миллии тестӣ тасдиқ карданд, ки сафи довталабон ба мактабҳои олии Тоҷикистон камтар шудааст, вале сабаби асосии онро ба "муҳоҷират" пайванд доданд. Қаблан баъзе аз коршиносон гуфта буданд, ки ин вазъ ҳосили ба иҷро даромадани қонуни нав дар бораи хидмати сарбозӣ аст.
Дар як соли охир дар Тоҷикистон зиёда аз се ҳазор хидматчии давлатӣ корро тарк кардаанд ва ин омор, ба қавли мақомот, дар қиёс бо як соли пеш афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила, дар як соли охир дар Тоҷикистон "хушунати хонаводагӣ бештар шудааст". Аммо омори Вазорати корҳои дохилӣ, баръакс, аз камтар шудани он мегӯяд. Омори духела рӯзи 14-уми феврал дар нишасти матбуотии раиси Кумитаи кор бо занон садо дод.
Дар як соли охир дар Тоҷикистон беш аз 20 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро бас кардаанд. Дар ҳоле ки коршиносону соҳибкорон тафтишҳои зиёд ва гаронии андозро аз сабабҳои асосии қатъи фаъолият медонанд, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба "рақобатнопазирӣ" пайванд медиҳанд.
Раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон хабар дод, ки теъдоди парвози ҳавопаймоҳо ба Русия "дубора ба давраи пеш аз коронавирус" расидааст, вале мавзӯи нархи билет ҳамоно доғ мемонад.
Чаро нархи билети ҳавопаймоҳо ба Русия гарон аст? Ин савол дар нишасти хабарии Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҳама бештар садо дод. Раиси ин ниҳод аз афзоиши парвозҳо маълумот дода, афзуд, ки онҳо ҷонибдори боло бурдани нархи билетҳо нестанд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, барои паноҳҷӯёни эҳтимолӣ аз Афғонистон дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ урдугоҳи вижа месозанд. Рустам Назарзода бунёди чанд паноҳгоҳи дигарро дар гӯшаҳои кишвар тасдиқ кард, аммо гуфт, барои шахсонест, ки аз офати табиӣ зиён дидаанд, на фирориён.
Ёфтҳои бештар