Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Дар Тоҷикистон солҳост, ки мушкили партовҳои бадбӯй дар гирду атрофи хонаҳо як масъалаи доғ аст ва ҳам масъалаи коркарди онҳо, ки суст ба роҳ монда шудааст. Масъала то ҳадде ҳалталаб шудааст, ки то ба мизи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рафтааст.
Ба иттилои расмӣ, дар соли 2025 додрасҳо бештар аз 150 ҳазор парванда ва пешниҳоду дархостро баррасӣ карда, ягон ҳукми "сафед" набароварданд. Яъне, аз миёни гумонзадҳо касеро бегуноҳ надонистанд.
Дар минтақаҳои Тоҷикистон, ки "лимит" ё маҳдудияти барқ ҷорист, даҳҳо соҳибкору мансабдор бемаҳдудият ба нерӯи барқ дастрасӣ доштаанд. Инро Оҷонси назорат дар соҳаи энергетика ошкор карда, вале ҳоло мегӯяд, вазъ зери назорат аст.
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон, ки "лимит" ё маҳдудияти барқ ҷорист, даҳҳо соҳибкору мансабдор бемаҳдудият ба нерӯи барқ дастрасӣ доштаанд. Инро Оҷонси назорат дар соҳаи энергетика ошкор кардаву ҳоло мегӯяд, вазъ зери назорат аст.
Таҳмина Азизова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, ӯ ва аъзои оилааш, дар умум бист нафар, аз хонаи худашон берун карда шудаанд. Ҷое, ки бист соли охир якҷоя зиндагӣ доштанд. Ҳоло сарпаноҳе надоранд ва ба гуфтаи ӯ дар ба дар мегарданд.
Як хонаводаи бистнафарӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ шикоят дорад, ки зани соҳибкоре онҳоро бехонаву дар гузоштааст. Муомила сари қарз ва ба гарав гузоштани хона, оилаи Таҳмина Азизоваро бо кӯдакони зиёд дар кӯча гузоштаву дар ба дари хонаи хешовандонашон кардааст.
Танҳо дар як шуъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар Тоҷикистон беш аз 240 миллион сомонӣ, баробар ба 25 миллион доллар, зарари молӣ ошкор шудааст. Ин рақамро намояндагони Оҷонси мубориза бо коррупсия рӯзи 13-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон эълон карданд.
"Судиҷрочӣ гуфт, се сол шуд роҳаш бастааст. Агар омад, дастгир мекунем." Таҳмина, сокини шаҳри Душанбе, се сол боз наметавонад пули алименти ягона фарзандашро аз шавҳари собиқаш бигирад. Бо далели пеш наомадани мушкил дар хонавода нахост чеҳрааш нишон дода шавад.
Баъзе аз ронандаҳои таксӣ дар шаҳри Душанбе аз он шикоят доранд, ки баъди барҳам додани аксар ширкатҳои таксиронӣ ва пайвастани онҳо ба барномаи "Ҷӯра" корашон мушкилу серхарҷ шудааст. Онҳо мегӯянд, чунин омил, яъне пойбанди як барнома кардани хадамот ба кори онҳо таъсири манфӣ гузошт.
Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар садҳо мактаби Тоҷикистон мушкили камбуди омӯзгоронро ошкор кард. Ба иттилои ин ниҳод, мактабҳо барои ҳалли ин мушкил аз нерӯи омӯзгорони ихтисосҳои дигар ва ё донишҷӯён истифода мекунанд.
Дар Тоҷикистон, ки солҳост ба омӯзгор, бахусус омӯзгорони илмҳои дақиқ намерасад, мақомот мегӯянд, ин мушкилӣ тақрибан рафъ шудааст. Ба қавли онҳо, ҳоло дарси бачаҳои мардум бе муаллим намегузарад ва агар муаллим кам ҳам бошад ба ҳадди солҳои пеш нест.
Мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, соли гузашта бо арзиши садҳо миллион сомонӣ дуздии барқро ошкор кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон гузориш доданд, ки дар соли 2025-ум 280 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис додаанд. Вале баҳс атрофи ин мавзуъ ва посухи масъулони Вазорати кору муҳоҷират рӯзи севуми феврал нишон дод, ки аз ин омор танҳо 74 ҳазораш ҷойҳои холии кори доимӣ будааст.
Масъалаи ба ҷойи кори муносиб таъмин кардани мардум яке аз мавзуъҳои асосии нишасти хабарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон буд. Солеҳа Холмаҳмадзода, раҳбари ин ниҳод, гуфт, соли гузашта ба корҷӯён садҳо ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ пешниҳод намудаанд.
Нархи об ва хидматрасониҳои дигаре ба мисли кашондани партов барои мардум дар Тоҷикистон понздаҳ дарсад гарон шудааст.
Дар Тоҷикистон, ки мардуми зиёде ба оби пок дастрасӣ надоранд ва аз наҳру ҷӯйборҳои боз об мегиранд, нархи истифодаи об болотар рафтааст. Мақомот гуфтанд, ҳадаф беҳтар кардани шеваҳои таъмини мардум бо об ва дигар хадамоти зарурӣ аст, вале шубҳа сари чунин гуфтаҳои мақомот зиёд аст.
Вазири кору муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт, дар соли 2025-ум 36 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ронда шудаанд.
Баҳси шудгор кардани кишти гандум барои кишти маҷбурии пахта аз мавзӯҳои асосии нишасти хабарии вазири кишоварзии Тоҷикистон дар рӯзи 29-уми январ буд.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, кори тармиму сохтмони роҳеро аз сар гирифтанд, ки дар пайи ҳамла аз хоки Афғонистон қатъ гардида буд.
Ёфтҳои бештар