Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании футболбозон. Бозигарони "Исфара" ва "Тоҷ" чаро ҳамдигарро кӯфтанд?


Бозигарони ду тими футбол дар вилояти Суғд дар вақти бозӣ бо ҳам занозанӣ кардаанд. Муноқиша 23-юми август миёни бозигарони дастаҳои "Исфара" ва «Тоҷ» рух додааст. Ду тим дар доираи мусобиқаи Лигаи дуюми футболи Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бозӣ карданд.

Навори занозании футболбозон ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва интиқоди зиёди корбаронро ба миён овард. Дар навор дида мешавад, ки футболбози дастаи "Исфара" бо сар ба қафаси синаи бозигари "Тоҷ" мезанад ва баъдан дигар бозигарон ба ҷанҷол ҳамроҳ мешаванд.

Маълум нест, ки муноқиша миёни бозигарон бар сари чӣ сар задааст. Баъди ин занозанӣ доварон ба 3 футболбози дастаи "Исфара" ва 3 бозигари тими "Тоҷ" корти сурх дода, онҳоро аз майдон пеш кардаанд. Бозӣ бо ҳисоби 0:6 ба фоидаи дастаи "Тоҷ" ба анҷом расид. Тими "Тоҷ" ба Академияи футболи ҳамномаш тааллуқ дорад.

Аҳлиддин Юнусов, масъули Федератсияи футбол дар вилояти Суғд гуфт, Кумитаи тартибу интизоми ФФТ ин рафтори футболбозонро санҷида, ба он баҳои қонунӣ медиҳад.

Дар гузашта футболбозонро барои муноқиша ё рафтори бад дар майдон ҷарима ва аз чанд бозӣ маҳрум карда буданд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз занозании футболбозони ду даста дар Суғд интиқод карда навиштаанд, одоб ва эҳтироми рақиб барои бозигар бояд асосӣ бошад. "Майдони футболро бо майдони UFC табдил додед", - навиштааст яке аз корбарон.

XS
SM
MD
LG