Пайвандҳои дастрасӣ

Айбдоркунанда хост, ки ҳукми Зайд Саидов бетағйир бимонад


Зайд Саидов
Зайд Саидов

Айбдоркунандаи давлатӣ зимни баррасии шикояти Зайд Саидов аз Додгоҳи олӣ хостааст, то 26 сол ҳукми зиндони вазири собиқи саноат бетағйир боқӣ бимонад.

Айбдоркунандаи давлатӣ имрӯз зимни баррасии аризаи шикоятии вакилони Зайд Саидов, ки дар СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ идома кард, аз Додгоҳи олӣ талаб намуд, ки ҳукми 26 сол зиндони Зайд Саидовро бетағйир гузорад. Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Зайд Саидов рӯзи 12 май бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ» гуфт, ки намояндаи додситони кулл Маҳмадвалӣ Исоев дар мурофиаи имрӯз ҳамчун айбдоркунанандаи давлатӣ ширкат кард ва аз Додгоҳи олӣ талаб намуд, ки ҳукми 26 соли зиндони Зайд Саидов бидуни тағйир гузошта шавад.

Вай дар мурофиа ҳамаи делелҳое, ки аз тарафи ҳам Зайд Саидов ва ҳам вакилонаш беасос будани айбномаҳоро таъйид мекарданд, радд карда ва гуфтаааст, ки ҳукми Додгоҳи олӣ дар ҷои худ бимонад.

Шӯҳрат Қудратов афзуд, ки айбдоркунандаи давлатӣ пешниҳодоти вакилони Зайд Саидовро аслан ба эътибор нагирифт ва сарфи назар аз ин, ки шоҳидон ба тарафдории Зайд Саидов фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд, эътибор дода нашуд. Мурофиаи мазкур таҳти раёсати додраси Додгоҳи олӣ Бобоҷон Муродов идома кардааст ва баъди талаби айбдоркунандаи давлатӣ, ҳайати додрасҳо ба машваратхона ворид шуданд. Интизор меравад то поёни ҳамин ҳафта Додгоҳи олӣ мавқеи худро рӯшан кунад.

Додгоҳи олӣ рӯзи 6 май зимни баррасии шикояти соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов пурсиши назари вакилони ӯро анҷом додааст. Вакилони дифои Зайд Саидов рӯзи 6-май зимни баррасии аризаи шикоятӣ дар нисбати 26 соли зиндон маҳкум шудани Зайд Саидов суханрониҳои худро дар мурофиаи Додгоҳи олӣ анҷом доданд ва ҳукми 26 сол дар нисбати зерҳимояашонро беасос ва бо айбномаҳои бедалел арзёбӣ карданд.

Зайд Саидов рӯзи 22 апрел дар рӯзи аввали баррасии шикояти ӯву вакилонаш 26 сол ҳукми зиндонашро ноодилона хонда, низ хостори бознигарии ин ҳукми Додгоҳи олӣ шуда буд. Зайд Саидов гуфтааст, ӯро бидуни ягон далели қотеъ маҳкум кардаанд. Қаблан ҳам Зайд Саидов боздошти ҳукми сангинашро сиёсӣ хонда гуфта буд, ба давлату миллат хиёнате накардааст.

Зайд Саидов 55 сол дошта, соли 1999 тибқи саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикисттн таъин шуд ва аз соли 2001 то 2007 дар мақоми вазири саноат кор кард. Баъди барканориаш ба соҳибкорӣ баргашт ва аз тоҷирони муваффақи кишвар ба шумор меомад.

Вазири собиқи саноати Тоҷикистон рӯзи 19 майи соли 2013, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав дастгир шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабр Зайд Саидовро бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - «таҷовуз ба номус», «бисёрзанӣ», «қаллобӣ» ва «ришваситонӣ» ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Бар асоси ҳукми Додгоҳи олӣ, аз моҳи март ба ин тараф дастикам 6 корхонаву ширкати марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.

Зайд Саидов ва тарафдоронаш ҳукми ӯро "сирф сиёсӣ" хонда, мегӯянд, ки аз ин соҳибкор ба далели азмаш барои сохтани ҳизби сиёсӣ интиқом гирифтаанд. Мақомот вуҷуди ангезаҳои сиёсӣ дар парвандаи Саидовро рад мекунанд7
XS
SM
MD
LG