Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як гурӯҳи мухолиф гуфт, Тоҷикистон "ба нерӯи сиёсии дунявӣ ниёз дорад"


Анҷумани Озодандешони Тоҷик, созмони гурӯҳе аз мухолифони ҳукумат, гуфтааст, ҷомеаи Тоҷикистон ба “нерӯи сиёсии секулёр ё дунявӣ” ниёз дорад. Нерӯе, ки ба гуфтаи раҳбарони ин созмон “баъд аз сари қудрат рафтани режими худкомаи кунунӣ, битавонад давлати озоди демократӣ ва дунявӣ таъсис диҳад.”

Хулосаи Шӯрои раҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷик рӯзи 5-уми август эълом шуд. Ин шӯро аз панҷ нафар иборат аст. Темур Варқӣ, як узви Анҷуман, ангезаи чунин изҳоротро ба он вобаста донист, ки “дар Тоҷикистон нерӯҳои демократӣ комилан шикаст дода шудаанд.”

“Режими ҳоким дар Тоҷикистон ба “доишӣ” шудани ҷомеа ва давлат роҳ мекушояд... Мо ба ин боварем, ки фақат низоми дунявӣ ва воқеан демократӣ Тоҷикистонро дар оянда аз фалокатҳо ва нобудӣ наҷот хоҳад дод,” – шарҳ дод ӯ рӯзи 5-уми август.

Тибқи Қонуни асосӣ, Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду озод ва демократист. Солҳои охир кишвару созмонҳои ғарбӣ Душанберо ба саркӯби дигарандешон ва маҳдуд кардани озодиҳои бунёдии одамон танқид мекунанд.

Анҷумани Озодандешони Тоҷик дар эъломияаш аз сиёсатмадорон, донишмандон ва фаъолони шаҳрвандии Тоҷикистон даъват кардааст, ба сафи онҳо бипайванданд ва “барои рӯзе омода бошанд ва ё рӯзеро омода созанд, ки имкони таъсиси давлати воқеан озоди демократӣ ва дунявӣ даст бидиҳад.”

Ин Анҷуман дар соли 2015 дар Аврупо таъсис шуда, узви Паймони Миллӣ, эътилофи чор созмони мухолиф аст.

Дар ҳоле ки бахши асосии эътилофро ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкил медиҳад, Анҷумани Озодандешони Тоҷик мегӯяд, муассисонаш “намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа, аз шахсони динмеҳвар то секулёру атеист ҳастанд ва бо усули сентрализми демократӣ кор мекунанд”.

“Дар Тоҷикистоне, ки ҳамроҳ бо ҳам сохтанием, набояд идеологияе ба унвони идеологияи бартар соя афканад,” – гуфтаанд муаллифон.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2015 ва баъди он аксар ҳизбу созмонҳои мухолифро баст. Бархе ба муддати тӯлонӣ дар кишвар зиндонӣ шуда, қисме Аврупо, Русия ва давлатҳои дигар паноҳгоҳ ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG