Арӯс мактабхон ва 17-сола аст. Синни домод 46 номбар мешавад. Фарқ қариб се баробар. Тӯй дар Грознӣ, пойтахти Чеченистон бо ширкати раисиҷумҳури ин кишвар Рамзан Қодиров баргузор гашт. Домод сардори полиси ноҳияи Ножай-Юрт Нажуд Гучигов, ки бино бар хабарҳо хонаводаи арӯсро таҳдид кардааст, ки бо расидани Хеда Г. ба 17 дар рӯзи 1 майи соли 2015 бояд ҳамсари ӯ шавад.
Баҳсро матлаби хабарнигори "Новая газета" Елена Милашева ибтидо гузошт. Дар он гуфта мешуд, ки ин як издивоҷи маҷбурист ва Гучигов зан дорад. Худи Гучигов дар оғоз гуфтааст, ки зан дорад ва зани дуюм намехоҳад. Вале дертар маълум шуд, ки тӯй барпо мешавад. Эътирози ҷомеа ба ин арӯсӣ ва номаи ҳамсинфони арӯс ба президенти Чеченистон Рамзан Қодиров натиҷа надоданд. Милашова менависад, аҳли деҳа аз ӯ хостааст, ин маълумотро расонаӣ кунад.
Валокатдори ҳуқуқи кӯдаки Русия Павел Астахов изҳор доштааст, ки издивоҷҳои пешазвақт дар Чечнистон ба қонунҳои Русия мухолифат надорад: “Дар Қафқоз духтарон зудтар ба балоғат мерасанд. Биёед худро ба нодонӣ назанем. Ҷойҳое ҳаст, ки дар 27-солагӣ духтарон аллакай пажмурдаанд ва бо меъёрҳои мо зери 50 шумурда мшаванд.” Пасонтар вай барои ин изҳороташ узрхоҳӣ кард.
Дар худи Чеченистон “таваҷҷӯҳи барзиёд”-ро ба ин арӯсӣ мудохила ба ҳаёти шахсӣ номиданд ва гуфтанд, дар шиносномаи Гучигов мӯҳри издивоҷ нест ва арӯс ба ин тӯй ризоият додааст. Шабакаи телевизионии Lifenews ин арӯсиро зери сарлавҳаи “Тӯйи аср” зинда намоиш дод.
Раисиҷумҳури Чеченистон Рамзан Қодиров на танҳо аз ин арӯсӣ ҳимоят кард, балки дар он ширкат намуд ва ҳам эълом дошт, ки ҳама чизи марбут ба ин издивоҷ қонунист. Вай изҳороти худи Гучиговро, ки аллакай як бор издивоҷ кардааст, шарҳ надод ва дар мавриди фарқияти синну соли арӯсу домод мисраеро аз достони “Евгений Онегин”-и шоири машҳури рус Александр Пушкин иқтибос кард, ки “ишқ синну солро намешиносад”.
Ба ин баҳс ҳамчунин Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия Элла Памфилова шарик шуд ва аз Қодиров хоҳиш кард, ба ин арӯсӣ иҷоза надиҳад. Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди раёсатҷумҳурии Русия Михаил Федотов гуфт, додситонии кулли Русия бояд ин хабарҳоро тафтиш кунад. Аввалан, онро, ки духтар ноболиғ аст ва сониян аллакай як зан доштани Гучиговро.
Сипас, рӯзи 12 май LifeNews мусоҳибаеро бо Хеда Г. нашр намуд, ки дар он арӯс мегуфт, бо ризоияти худаш ба ин издивоҷ шомил мешавад ва Гучигов “марди хуб, ҷасур ва боэътимод” аст. Вай инчунин гуфт, соли гузашта бо ӯ ошно шудааст. Аммо на ӯ ва на хешу пайвандонаш дар мавриди он ки Гучигов зан дорад ё на, чизе нагуфтанд.
Бисёрзанӣ бино бар қонунҳои Русия мамнӯъ аст. Аммо ислом ба он иҷоза медиҳад, ба шарте ки ин издивоҷҳо бар ризоият асос ёфта бошанд ва мард ба ҳамаи ҳамсаронаш муносибати баробар ва одилона дошта бошад.
Дар соли 2006 Қодиров, ки он вақт ноиби сарвазири Чеченистон буд, мегуфт, бисёрзанӣ барои Чеченистон зарур аст, зеро дар натиҷаи ҷангҳои солҳои 1994-1996 ва 1999-2000 шумораи мардҳо дар ин кишвар коҳиш ёфт. Се сол пеш Қодиров айни чизро дар як мусоҳибааш баён дошт: “Одатҳо ва дини мо бисёрзаниро иҷоза медиҳанд, ҳарчанд ин қонунӣ нест, вале ман ба ҳама мегӯям, касе, ки мехоҳад ва метавонад, бояд зани дуюм гирад”.
Бино бар овозаҳои тасдиқнашуда бар замми ҳамсар ва ҳашт фарзандаш худи Қодиров зани дувум дорад, ки собиқ барандаи як озмуни зебоии Чеченистон аст.
Арӯси 17-сола хоҳ розӣ шуда бошад, ки ҳамсари марди 46-сола шавад (бино бар баъзе маълумот ҳатто 57-сола), хоҳ не, ба ақидаи коршиносон ин як марвидид ғайримуқаррарист.
Екатерина Сокирянская, раҳбари шӯъбаи Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ дар Русия мегӯяд, бо ҳимояти Қодиров шумори ҳарчӣ бештари полис ва мақомоти амниятии Чеченистон духтарони ҷавонро зани дуюм мегиранд. Вай ҳеҷ омореро зикр накард ва гуфт, гумон намекунад, чунин омор вуҷуд дошта бошад.
Ба ақидаи Сокирянская, ризоияти духтарон ба ин ҳолат имконпазир аст, зеро нобаробарии шумори занону мардон дар Чеченистон шанси онҳоро ба издивоҷ коҳиш додааст ва қисме аз онҳо шавҳарҳоеро, ки “пул ва мақоми баланди иҷтимоӣ” дошта бошанд, меписанданд.
Коршиносони дигар бар инанд, ки кормандони полис ва нерӯҳои амниятӣ аз ҳимояти Қодиров бархӯрдоранд ва медонанд, ки барои гирифтани зани дуюм муҷозот нахоҳанд шуд.
Елена Масюк, узви Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия гуфт, ҳатто сабти давлатии ин арӯсӣ як саҳнасозӣ буд, зеро ин сабтро на корманди давлатӣ, балки як журналисти телевизиони давлатии Чеченистон анҷом дод. Ба андешаи ӯ, “агар дар атрофи ин издивоҷ сару садои зиёд ба амал намеомад, тӯйро “хапу дам” ба гунаи шариатӣ баргузор мекарданд ва ин барои Чеченистон як рӯйдоди қаторист. Вале Қодиров бо баргузории ин намоиш гӯё ба рӯйи ҳамаи онҳое, ки садои эътироз баланд кардаанд, торсакии расмие зад.”
Вай меафзояд, арӯсро шахсе ба домод дод, ки падар ё хешованди тарафи арӯс набуда, Магомед Даудов, «дасти рости Қодиров» аст ва ҳамаи намоишро Қодиров созмон дода, ба ҳама паём фиристод, ки вай дар Чеченистон «хӯҷаин» аст ва ҳарчӣ хоҳад, мекунад, гуфт Масюк.