Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди ҷангандаҳои Русия ба осмони Эстония. Таллин хостори машварат бо НАТО шуд


Эстония эълон кард, ки се ҷангадаи MIG-31-и Русия рӯзи 19 сентябр вориди ҳарими ҳавоии ин кишвар шуданд. Ин рӯйдод бо вокуниши раисҷумҳури Амрико ва НАТО, рӯбарӯ шуд.

Эстония баъд аз ин ҳодиса хостори тасмимгирӣ дар бораи фаъол шудани моддаи 4-и паймони НАТО шуд. Мартин О'Доннелл, сухангӯи НАТО эълон кард, ки ин паймон аввали ҳафтаи оянда нишаст баргузор карда, ҳодисаро баррасӣ мекунад.

Дар моддаи 4-и НАТО омадааст, "ҳар замоне, ки ба назари ҳар як аз аъзои НАТО, тамомияти арзӣ, истиқлоли сиёсӣ ё амнияти ҳар як аз аъзо мавриди таҳдид қарор бигирад, тарафҳо бо якдигар машварат хоҳанд кард".

Машварат бар асоси моддаи 4, метавонад боиси иқдоми дастҷамъии ҳамаи 30 кишвари узв шавад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, чанд соат баъд аз ин иттифоқ гуфт, ки аз ин вазъият розӣ нест. "Ман аслан хушам намеояд. Аз ин, ки чунин ҳодиса рух бидиҳад, хушҳол нестам. Метавонад дарди сари калоне бошад",-афзуд Трамп.

Вазорати корҳои хориҷии Эстония мегӯяд, ки ҷангандаҳои MIG-31-и Русия, 12 дақиқа дар ҳарими ҳавоии Эстония боқӣ монданд.

Маргус Сахкна, вазири корҳои хориҷии Эстония эълон кард, "Русия имсол пештар чаҳор бор ҳарими ҳавоии Эстонияро нақз кард, ки ғайри қобили қабул аст. Аммо таҷовузи имрӯзӣ, ки шомили вуруди се ҷанганда ба ҳарими ҳавоии мо буд, ба шакли бесобиқа густохона аст".

Эстония узви НАТО ва Иттиҳоди Аврупо аст. НАТО эълон кард, ки ҷангандаҳояш ҳавопаймоҳои русиро раҳгирӣ карданд.

Ин ҳодиса пас аз таҷовузҳои ахири паҳбодии русӣ ба Лаҳистон ва Руминия рух дод. Ду кишваре, ки онҳо низ узви НАТО ҳастанд.

Дар вокуниш ба ин ду ҳодиса, НАТО аз оғози амалиёти нав бо номи "Нигаҳбони Шарқ" барои тақвияти тавони дифоӣ дар баробари Русия дар қисмати шарқии Аврупо, хабар дода буд.

Довиле Шакалене, вазири дифои Литва, яке аз се кишвари Балтика низ дар пайи вуруди ҷангандаҳои Русия ба осмони Эстония гуфт, НАТО бояд фавран тавонмандиҳои системаи ҳавоии худро ба кишварҳои хатти пеш, интиқол диҳад.

Ӯ дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Рейтерз" таъкид кард, "мо дар ҳоли озмоиш шудан ҳастем ва тақрибан ҳар рӯз шаҳрвандони мо таҳдид мешаванд. Ин ба он маъност, ки бояд тавонмандиҳо аз муттаҳидон ҷамъоварӣ шуда, дар марзҳои мо ҷобаҷо шаванд, зеро ин марз, марзи НАТО аст".

Дар пайи ин таҳаввулот, Аврупо ба суръат ба ҳодисаи вуруди ҷангандаҳои русӣ дар рӯзи ҷумъа вокуниш нишон дод.

Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва нахуствазири Эстония, дар изҳороте, ки тавассути сухангӯи ӯ нашр шуд, гуфт, "Ин як ҳодиса набуд".

Вазорати корҳои хориҷии Эстония низ эълон кард, ки кордори сафорати Русия дар ин кишварро даъват кард ва ба ӯ номаи эътирозӣ супурд.

Урсулан вон дер Лейен, раиси Комиссияи Аврупо гуфт, "Путин борҳо ва борҳо танишро афзоиш додааст ва дар посух, Аврупо фишори худро бештар мекунад".

Урсула вон дер Лейен, раиси Комиссияи Аврупо афзуд, тамаркузи аслӣ бар зарба задан ба даромадҳои маводи сӯхти Русия аст, ки мошини ҷангии он дар Украинаро таъмини молӣ мекунад.

Иттиҳоди Аврупо ба дунболи комилан манъ кардани воридоти гази моеи Русия то оғози соли 2027 аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG