Виталий Левченко, мутахассиси 53-сола, сармураббии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе таъин гардид. Дар ин бора сомонаи бошгоҳи футболи «Истиқлол» хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи «Истиқлол» бо Виталий Левченко, ҳимоятгари дар гузашта маъруфи мунтахаби Тоҷикистон, то охири соли 2026 шартнома ба имзо расонидааст.
Левченко дар ин симмат Игор Черевченкоро, ки охири моҳи декабри соли гузашта аз вазифаи сармураббии дастаи “Истиқлол” барканор шуд, иваз намуд.
Дарвоқеъ, Левченко солҳои 2020-2022 сармураббии тими «Истиқлол» буд. Таҳти роҳбарии ӯ даста қаҳрамони Тоҷикистон гардида, дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бомуваффақият ҳунарнамоӣ кардааст.
ШАРҲИ ҲОЛ
Виталий Левченко 23-юми марти соли 1972 дар шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) ба дунё омадааст. Шогирди мактаби футболи Хуҷанд аст. Ба ҳайси бозигар дар дастаи «Хуҷанд», баъдан дар бошгоҳҳои Украина - «Динамо» (Киев), ССКА (Киев), «Таврия» (Симферопол), тимҳои русиягии «Волгар» (Астрахан), «Спартак» (Кострома), «Динамо» (Ставропол), «Урал» (Екатеринбург), ҳамчунин дар бошгоҳи «Чанчун Ятай» (Чин) ҳунарнамоӣ кардааст.
Ӯ дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон солҳои 1996-2000-ум дар 9 бозӣ ширкат варзидааст.
Виталий Левченко бошгоҳҳои украинии «Княжа» (вилояти Бориспол), «Еднист» (вилояти Чернигов), «Десна» (Чернигов)-ро машқ дода, дар вазифаҳои ёвари сармураббии мунтахаби ҷавонони Украина, ёвари сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), сармураббии дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор, инчунин мураббии бошгоҳи русиягии «Криля Советов»-и Самара фаъолият дошт.
Бо роҳбарии Виталий Левченко дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд соли 2019 дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон мақоми дуюмро соҳиб шуда, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми қаҳрамонҳои Осиё иштирок кардааст.
Таҳти роҳбарии ӯ солҳои 2020-2022 дастаи “Истиқлол”-и Душанбе қаҳрамони Тоҷикистон гардида, дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтааст.
Се соли ахир Виталий Левченко сармураббии бошгоҳи футболи «Нефтяник»-и Фарғона буд. Бо роҳбарии ӯ "Нефтяник" соли гузашта дар Премйер-лигаи Узбекистон ғолиб шуд.
Виталий Левченко, ки Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Киев ва Мактаби олии мураббиёнро хатм кардааст, дорои иҷозатномаи мураббигии УЕФА дараҷаи PRO мебошад.