Рассадини 30-сола, ки аз Ёқутистони Русия мебошад, ба дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон даъват шуда, шаҳрвандии ин кишварро пазируфтааст. Ӯ дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар шаҳри Истанбули Туркия дар вазни то 74 кило дар даври аввал ба Нурхоҷа Кайпанови қазоқ (4:1), баъдан ба Зелимхон Ҳоҷиев (6:5) аз Фаронса, сипас ба Вадим Тсуркан (2:0) аз Украина ғолиб шуда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Рассадин дар нимфинал Чермен Валиевро аз Албания бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, ба финал баромад ва соҳиби роҳхати олимпӣ гардид. Вай Тоҷикистонро дар риштаи гуштии озод дар Олимпиадаи Порис-2024 муаррифӣ хоҳад кард.
Виктор Рассадин дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии озод, ки рӯзҳои 11-12-уми апрели имсол дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, медали нуқра ба даст оварда буд.
Варзишгарон дар марҳилаи охирини мусобиқаи интихобӣ дар риштаҳои гуштии юнонию руми ва гуштии озод, ки 9-уми май дар Туркия шуруъ шуд, барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса мубориза мебаранд.
Дар ин мусобиқа, ки то рӯзи 12-уми май идома меёбад, дар ҳар вазн финалистон ба Олимпиадаи Порис-2024 мустақиман роҳхат мегиранд, ҷоизадорони биринҷӣ бошанд, бо ҳам дар плей-офф барои дарёфти роҳхат талош хоҳанд кард.
Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW), дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Истанбул варзишгароне ширкат доранд, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон ва чаҳор мусобиқаи пешини интихобӣ натавонистанд ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат бигиранд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа мебоист панҷ варзишгар намояндагӣ мекард, вале ба ду паҳлавони тоҷик – Асламҷон Азизов (60 кг) ва Фирӯз Мирзораҷабов (67 кг) – ҳарду дар риштаи гуштии юнонию румӣ виза ё раводид ба Туркия дода нашуд.
Бинобар ин, се варзишгари легионер - Абдулмаҷид Кудиев (65 кг), Виктор Рассадин (74 кг) – ҳарду дар риштаи гуштии озод ва Эдуард Бабеношев (130 кг) – дар намуди гуштии юнонию румӣ, ки шаҳрвандии Русия ва Тоҷикистонро доранд, барои роҳхат ба Олипиадаи Порис-2024 талош карданд.
Бабеношев дар риштаи гуштии юнонию румӣ дар вазни 130 кило дар 1/8 финал аз гуштигири Руминия Алин Алексус Клурариу бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои роҳхати олимпӣ маҳрум шуд.
Кудиеви 24-солаи доғистонӣ бошад, дар риштаи гуштии озод дар вазни то 65 кило дар даври аввал Муҳаммад Абдуллоҳи 17-солаи покистониро бо ҳисоби 10:0 мағлуб карда, сипас ба Девис Очинг Орива аз Кения бо ҳисоби 12:0 дастболо шуд, аммо дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Тулга Темур Очири муғул бо ҳисоби 0:9 ноком гашт. Ҳамакнун Кудиев муборизаро дар даври тасаллобахш идома медиҳад. Агар ӯ дар ин давр ғолиб шавад, бо ҷоизадори дигари биринҷии мусобиқа барои роҳхати олимпӣ талош хоҳад кард.
Зимнан, дар намуди гуштии озод паҳлавони маъруф Юсуф Абдусаломов соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар вазни то 84 кило сазовори медали нуқра гашта буд.
Варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 то ҳоло панҷ роҳхат гирифтаанд, ки сетоаш ба риштаи бокс, яктоӣ ба таеквондо ва гуштии озод марбут аст.
Соли гузашта дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило байни мардон барандаи медали тилло ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило миёни занон соҳиби медали биринҷӣ гардида, ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат гирифтанд.
Роҳхати сеюмро Баҳодур Усмонов дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс, ки рӯзҳои 3-11-уми марти имсол дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия баргузор шуд, дар вазни то 63,5 кило ба даст овард.
Мунира Абдусаломова дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи таеквондо дар қораи Осиё, ки рӯзҳои 15-16-уми март дар шаҳри Тайани Чин баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Порис-2024 гардид.
Ин чаҳорумин роҳхати варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 ба шумор меравад. Мунира дар рақобатҳо дар вазни беш аз 67 кило муқобили варзишгарони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қазоқистон пирӯз шуа, ба финал баромад ва соҳиби роҳхати олимпӣ гардид.
Роҳхати панҷумро ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса Виктор Рассадин дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар шаҳри Истанбули Туркия дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кило ба даст овард.