“Вахш” дар даври сипаришуда дар майдони худ бар КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ин ғалабаи даҳуми бохтариҳо дар мусобиқоти имсола мебошад. Бояд зикр намуд “Вахш” ягона дастаест, ки бохт надорад ва дар 16 бозӣ 36 имтиёз гирифтааст.
Ҳамлагари “Вахш” Дмитрий Билоног, легионери 30-солаи укроинӣ, бо 7 гол дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқоти лигаи олӣ дар ҷойи аввал аст.
Қаҳрамони феълии Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар даври гузашта бар тими “Барқчӣ”-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад, бо 34 имтиёз аз 16 бозӣ дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад.
Зинаи сеюмро КМВА бо 32 имтиёз аз 17 бозӣ соҳиб шудааст. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо касби 29 имтиёз аз 17 бозӣ зинаи чаҳорумро ишғол кардааст. Дар даври 17-уми мусобиқоти лигаи олӣ «Равшан» бозиро дар майдони худ бо “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.
Тими “Эсхата”-и Хуҷанд, ки дар майдони худ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод, бо 25 имтиёз аз 17 бозӣ ба зинаи панҷум баромад.
Дар бозии дигари даври 17-ум “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар майдони худ бар “Ҳулбук”-и Восеъ бо ҳисоби 1:0 пирӯзӣ ба даст овард. Бозии «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо тими меҳмон - «Ҳосилот»-и Фархор - бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.
Ба ин тартиб, дар даврҳои боқимонда мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот, аслан, байни чаҳор даста – “Вахш”, “Истиқлол”, КМВА ва “Равшан” – шиддат хоҳад гирифт.
Бозиҳои даври 18-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 27-29-уми сентябр барпо мегарданд.
27-уми сентябр (шанбе)
16:00 - «Регар-ТадАЗ» - «Хуҷанд»
Турсунзода. Варзишгоҳи “Талко-Арена”
28-уми сентябр (якшанбе)
16:00 - КМВА - «Равшан»
Турсунзода. Варзишгоҳи “Талко-Арена”
16:00 - «Панҷшер» - «Истаравшан»
Бохтар. Варзишгоҳи “Вахш”
Фархор. Варзишгоҳи марказӣ
29-уми сентябр (душанбе)
19:00 - “Барқчӣ” – “Вахш”
Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Бозии даври 18-ум миёни дастаҳои «Ҳулбук» ва «Истиқлол» мавқуф гузошта шуд.
Гуфтугӯ